Факултети филологияи рус
Декан
Маълумот барои тамос
Муовинони декан
Роҳе, ки факултети филологияи рус тай намудааст, қисмате аз таърихи соҳаи маорифи вилоят аст. Аввалин маротиба шуъбаи забон ва адабиёти рус бо мақсади таъмин намудани мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ бо мутахассисони фанҳои забон ва адабиёти рус соли таҳсили 1937-1938 дар ҳайати факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод созмон дода шуд. Солҳои 1939-1940 ҳамин гуна шўъба дар институти омўзгорӣ (муаллимтайёркунӣ), ки яке аз ҷузъҳои ИДПЛ ба ҳисоб мерафт, таъсис ёфт. Дар ташкил ва амалӣ шудани ин иқдом саҳми устодони рус М. И. Стаменова, В. С. Верпаховская, К. А. Гаинсев, О. А. Смирнова, Н. С. Иванов ва олимону ташаббускорони дигар назаррас буд.
Дар солҳои ҷанг сафи устодони шуъба аз ҳисоби мутахассисони суханшиносе, ки аз майдони муҳориба ба ақибгоҳ баргаштанд, зиёд гардид (А. А. Волков, Е. Ж. Бражников, И. С. Фрейдкина, Е. М. Вал). Солҳои охири ҷанг ва пас аз он аввалин хатмкунандагони шуъба Л. В. Виноградская, А. А. Нелипа, Н. Н. Ростовсева, Б. М. Русакова омўзгорони шуъба гаштанд. Охири солҳои 50-уми асри ХХ дар бахши забон ва адабиёти рус танҳо барои мактабҳои таълимашон русӣ мутахассис тайёр карда мешуд, вале дертар эҳтиёҷ ба тайёр намудани мутахассисони забон ва адабиёти рус барои мактабҳои миллӣ ба миён омад, ки он яке аз асосҳои созмон ёфтани гуруҳҳои дигар шуд.
Дар соли хониши 1962-1963 нахустин гуруҳи тоҷикӣ таъсис ёфт, ки барои мактабҳои миллӣ муаллимони забон ва адабиёти рус тайёр менамуд. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Институти педагогии Ленинобод сурат гирифт, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ва минбаъд ўзбекӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус мешуданд. Моҳи сентябри соли 1964 шуъбаи забон ва адабиёти рус аз ҳайати факултаи таъриху филология баромада, ба бахши мустақил табдил ёфт, ки дар он баробари гуруҳҳои русӣ, гуруҳҳои тоҷикиву ўзбекӣ низ амал менамуданд. Дар ин кор саҳми устодон М. И. Стаменова, Н. Н. Ростовсева, А. А. Нелипа, Б. А. Ҳоҷибоева, Т.А. Милованова, В.И. Калмикова, Б.М. Русакова, А.П. Войченко, М.М. Абдувалиева, З.И. Мелихова, А.З. Дун, С.З.Карасик, М.И. Шарапова, Е.С.Белякина, В.И. Чертиковсева, Г.П.Коновалова ва дигарон бузург аст. Аз соли таҳсили 1990-1991 тибқи барномаи нави таълим донишҷўён соҳиби ду ихтисос гаштанд: муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забони тоҷикӣ дар мактабҳои русӣ. Аз соли таҳсили 1991-1992 аз сабаби табдили ИДПЛ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба барномаи таълим ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои ўзбекӣ дохил шуданд.
Вазифаи сарварии факултаро дар солҳои гуногун дотсент А.А.Нелипа (1964-1968, 1978-1985), дотсент М. М. Абдувалиева (1971-1975), А. П. Войченко (1975-1978), дотсент Долин Ю. Т. (1985-1991), профессор С. Э. Неъматов (1991-1992), профессор Р. О. Самадова (1992-1993), дотсент А. А. Азизов (1994-2007), дотсент Ф.М. Ҳамроқулов (2007-2012), Камолова М.Ф. (2012-2016) дар уҳда доштанд. Айни замон сарварии факултетро аз соли 2016 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш.В. Дусматова ба уҳда дорад. Алҳол дар факултет 33 нафар устодон ба донишҷўён сабақ меомўзанд. Дар 26 гуруҳи академӣ зиёда аз 600 нафар толибилмон, аз ҷумла 81 нафар донишҷўёни бо Квотаи президентӣ дохилшуда, таҳсил мекунанд. Факултет аз рўи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус дар мактабҳои русӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ муаллимони баландихтисос тайёр менамояд. Кафедраҳои факултет бо кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ таъмин буда, ҳамчун маркази такмили услуби таълими забон ва адабиёти рус дар макотиби таълимоти ҳамагонии ҷумҳурӣ эътироф шудааст.
Устодони факулта бо донишмандони ҳамкасби худ аз давлатҳои ИМА, Олмон, Исроил, Русия, Украина, Белорусия робитаҳои илмию эҷодӣ доранд. Чанде аз хатмкунандагон ва собиқ омўзгорони факулта имрўз ходимони намоёни соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг буда, на танҳо дар муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ, балки дар мамолики хориҷии дуру наздик низ фаъолияти пурсамар мебаранд, чунончи, А. Р.Рашидов – собиқ муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Ю.Хоҷаева – доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии ДДХ, С. П. Кириенко – муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, П. Г.Глебов – шоир, М.Ҷабборова – доктори илмҳои филологӣ, ҷонишини раиси Шўрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти ҷумҳурӣ, М.М. Калонова – номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Ю.Т. Долин – собиқ дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Оренбург, В.И.Казарина – профессори Донишкадаи омўзгории шарқшиносии Елетски Федератсияи Русия, Н.В.Солоник – ноибректори корҳои илмии Донишгоҳи омўзгории Соликамск, Т.П.Дудина – дотсенти Донишгоҳи омўзгории Елетск, А.М.Пронин – дотсенти Донишгоҳи омўзгории шарқшиносии Камишинск, А.П. Гейзер – дотсент, корманди ҷамъияти «Олмону Тоҷикистон», Г.В.Матешина – дотсенти Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Брянск, Р.Г.Топилова – дотсенти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тюмен, Югай Л.И. – номзади илмҳои педагогӣ, корманди илмии Академияи ҳарбӣ-баҳрии Новокузнетск, Л.И. Черкашева – дотсенти Донишгоҳи омўзгории шаҳри Маскав ва диг.
Робитаи илмии факулта бо ин олимон яке аз омилҳои муҳими густариши алоқаҳо бо марказҳои бонуфузи илмӣ, дўстии байни миллатҳо ва такмили раванди таълими забони русӣ мебошад.Таи солҳои 90-ум дар назди курсҳои тайёрии факулта барои шаҳрвандони мамолики хорҷии дур бахшҳо созмон дода шуда, дар он толибилмон аз Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон ва Покистон таҳсил мекарданд. Барномаҳои таълимии фаннӣ бо барномаҳои умумидонишгоҳӣ ҳамоҳанг карда шудаанд. Кафедраҳои факулта бо мақсади рушду навоварии усули таълим пайваста бо донишгоҳҳои дигари мамолики Русия ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ҳамкорӣ доранд. Аҳли факулта, олимон, омўзгорон ва донишҷўён пайваста дар рушди илми забон ва адабиёти рус, талқини он, пайванди фарҳангии халқҳои русу тоҷик, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, ки мувофиқи талаботи замону ҷомеаи навин аст, ҷидду ҷаҳд доранд. Дар ин замина ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастуру маводи таълим басо хуб ба роҳ монда шудаанд. Таъсиси аспирантура, ки дар он аз рўи ихтисосҳои услуби таълими забони русӣ ва грамматикаи муқоисавӣ ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби хатмкунандагони факултет шурўъ шуд, боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои илмии кафедраҳои факултет гардид.
Соли 1999 дар Шўрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Р.О.Самадова дар мавзўи «Муаммоҳои сохтори лингвистии ибораҳои номии пешояндӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва соҳиби унвони доктори илмҳои филологӣ гардид. Ҳамчунин Ф. М.Ҳамроқулов дар мавзўи «Алоқаи вобастагӣ дар забонҳои русию ўзбекӣ» (2001), Г.Х.Иброҳимова дар мавзўи «Хусусиятҳои лексикӣ-семантикии урбанонимҳо бо методи муқоисавӣ» (2007), С.Н.Ёрова дар мавзўи «Хусусиятҳои функсионалӣ ва семантикии ибораҳои «предмет+сифат» дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ», Р.А.Шаропова дар мавзўи «Раванди дериватсия ва истилоҳотофарӣ дар забони русӣ» (2008) рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гаштанд. Алҳол Г.Х.Иброҳимова мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ, С.Н.Ёрова мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷа, Р.А.Шаропова мудири кафедраи ИНШХ мебошанд. Умуман, охир устодони факултет дар Шўроҳои илмии ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд, ки инҳоянд: С. А. Раҳматова (2004), Г.С.Мусурманова (2004), М.У.Негматҷонова (2007), С.Н.Ёрова (2007), Г.Х.Ибрагимова (2007), Р.А.Шаропова (2008), С.О.Файзиева (2009), С.М.Атамова (2010), М.Ф.Камолова (2011), О.Э.Мавлонбердиева (2011), М.Н.Искандарова (2011), Ш.В.Дўсматова (2013), И.С.Эшматова (2013), М.М.Мирзохонова (2013), М.Ф.Сатторова (2013), Г.С.Юнусова (2017). Дар факултет гузаронидани конфронсҳои илмӣ, методӣ ва семинарҳои назариявию илмӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз рўи маводи гузориши онҳо ҳар сол зиёда аз 40 мақола ва дастурҳои методӣ ба табъ мерасанд.
Дастовардхои факултет
Дар самти таълим:
1. Ҳамасола омӯзгорони факултет дар озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол» фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2015 соҳиби ҷоизаи аввали озмун дар бахши фанхои гуманитариро дотсенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ Дусматова Ш.В. сазовор гаштааст.
2. Соли 2017 дар озмуни донишгохии «Муаллими ҷавони сол» байни омӯзгорони ҷавони донишгох дар бахши гуманитарӣ омӯзгори ҷавони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Ёқубова Анисахон Анвархӯҷаевна ҷоизаи якумро ба даст овардааст.
3. Кафедраи Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ дар озмуни умумидонишгоҳии «Кафедраи беҳтарин» соҳиби ҷои аввал гардидааст.
4. Тӯли чанд сол аст, ки донишҷӯёни аълохони факултет дар озмуни байналхалкӣ барои ҷоми стипендияи ба номи М.В.Ломоносов, ки онро Фонди Донишкадаи тадқиқотии Аврупо ва Осиёи шаҳри Маскав созмон додааст, фаъолона иштирок менамоянд. Айни замон 14 нафар донишҷӯён гирандаи стипендияи номии В.И.Менделеев ва М.В.Ломоносов гаштаанд.
5. Донишҷӯи факултет Алиева Азизахон гирандаи стипендияи Президентӣ, стипендияи ба номи М.В.Ломоносов, шоистаи ифтихорномаи ректори Донишгоҳ ва раиси вилоят, иштирокчии фаъоли конфронсҳои байналхалқӣ буда, айни замон магистранти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи П. Лумумба дар ш. Маскав мебошад.
Дар самти илм:
1. Соли 2017 барои факултет соли хеле пурмаҳсул ба ҳисоб меравад, зеро факултет дар ташкил ва гузаронидани 4 конфронси байналхалқӣ саҳми худро гузоштааст.
а) Конфронси байналмиллалӣ бахшида ба 25-солагии таъсиси муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ва соли ҷавонон санаи 15.02.2017 баргузор гардид, ки ташкилкунандагони он ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Маркази аналитики тадқиқотии «Евразия Поволжье» ва Фонди Донишкадаи тадқиқотии Аврупо ва Осиёи шаҳри Маскав буд.
б) Моҳи феврали соли 2017 дотсент Дусматова Ш.В. дар мизи мудаввари байналмиллалӣ “Перспективы экономического и гуманитарного взимодействия Таджикистана и стран Евразийского интеграционного проекта” ширкат варзид.
в) 3 апрели соли 2017 конфронси илмӣ-амалии байналмиллалӣ бахшида ба 25-солагии барқарори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия иштирок намуда, бо маърўзаи “Динамика российско-таджикских отношений - диалог культур” баргузор шуд.
г) Конфронси байналмиллалии «Забони русӣ дар фазои муосири маорифи Россия ва Тоҷикистон: амалияи таҳсилот ва дурнамои ҳамкорӣ», ки аз тарафи ташкилотии илмии «Содружество народов Евразии» Донишкадаи илмии тадқиқотии таърих ва этнографияи Донишгоҳии давлатии Оренбурги Урали Ҷануб Хуҷанд, 27 сентябри соли 2017 шуда гузашт.
2. Дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа Юнусова Гулчеҳра Саидовна санаи 23 феврали 2017 сол рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.
3. Донишҷуи бахши рӯзона Мамадиева Ҳамида дар озмуни умумидонишгоҳии «Иншои беҳтарин» бахшида ба Наврӯзи Аҷам иштирок намуда, ҷои дуюмро сазовор гашт.
4. Дар факултет ду ҷаласаи маҳфили байналхалқии «Согдиана», яке бахшида ба 71-ум солгарди Рӯзи Ғалаба доир гашт, ки дар ин чорабинӣ консули Русия дар ш. Хучанд Бондаренко В.А., намояндаҳои консулгарии Қазоқистон дар ш. Хуҷанд, Маркази «Фарҳанги Русия», Фонди Донишкадаи тадқиқотии Аврупо ва Осиёи шаҳри Маскав иштирок доштанд ва дуюм бахшида ба фаъолияти шоири маҳбуби халқи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ бо иштироки духтари шоир Махфират Шукӯхӣ гузаронида шуд.
Дар самти тарбия:
1. Донишҷуи курси 3 Алиева Намуна дар озмуни донишгоҳии «Арӯси сол-2017» сазовори ҷои аввал гашт.
2. Донишҷӯи курси 4 Сотиболдиева Дилноза дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, оид ба волейбол иштирок намуда, ҷои аввалро ишғол кард.
3. Маҳмаднасими Фармонзод гирандаи ҷои аввал дар спартакиадаи умумидонишгоҳӣ дар намуди бокс мебошад.
4. Шукриддини Эсуфалӣ гирандаи ҷои аввал дар спартакиадаи умумидонишгоҳӣ дар намуди гуштини тарзи озод аст.
5. Дастаи маҳфили ҳозираҷавобони факултет дар озмуни умумидонишгоҳӣ ва байнидонишгоҳӣ сазовори ҷои аввал гашт.
6. Сармуаллими кафедраи адабиёти рус ва хориҷа Бойтемиров Рустам Мавлонович «Куратори беҳтарини сол-2017» дониста шуд.
7. Раиси созмони ҷавонони факултет Каримов Салим дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба соли ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамчун донишҷӯи фаъол иштирок намуд.