​Семинар: Галерея педагогического опыта

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус бахшида ба 95-солагии устоди раҳнамо, ходими ҷамъиятӣ, ташкилотчии соҳибистеъдод, методисти пешқадам, донишвари адабиёти рус ва тоҷик, профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус марҳум Бароат Ҳоҷибоева семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Галерея педагогического опыта” баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултет Раъно Шаропова доир ба ҳаёт ва фаолияти илмӣ-педагогии Бароат Ҳоҷибоева ибрози назар намуд. Баъдан дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Абдуҳафиз Азизов дар мавзуи “Сухан дар бораи олима, муаллима ва зани тоҷик профессор Њољибоева Б.А.” баромад намуд. Мавсуф дар маърӯзааш корҳои илмӣ, илмӣ- методии Бароат Ҳоҷибоеваро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид рафт, ки Б.Ҳоҷибоева оид ба масъалаҳои мубрами омӯзиши забон ва адабиёти рус дар макотиби миёна ва олӣ корҳои арзишмандро ба сомон расонидааст.

Гуфта шуд, ки барои хизматҳои шоистаи марҳум бо медали “За доблестный труд” (Барои меҳнати шуҷоатнок) ва баҳри омода ва нашр намудани монографияи ”Пушкин ва Шарқ” бо медали тиллои Маркази илмӣ - тадқиқотии пушкиншиносии Федератсияи Руссия қадр карда шудаанд.

Дар интиҳо байни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасигардида мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ