ОЗМУН БА БАРНОМАИ ERASMUS+
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» барои интихоби кормандон ҷиҳати иштирок дар сафари омӯзишӣ ба Донишгоҳи техникии Бурсаи Ҷумҳурии Туркия дар доираи барномаи Erasmus+ озмун эълон менамояд.
Муҳлати сафари омӯзишӣ: 16–20 ноябри соли 2026
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 20 октябри соли 2026
Сафари омӯзишӣ масъалаҳои маъмурият ва идоракунии донишгоҳ, аз ҷумла банақшагирии стратегӣ, қабули қарорҳои идоракунӣ, идоракунии молиявӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Озмун асосан барои ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони масъули маъмурӣ, ки дар қабули қарорҳо, идоракунӣ ё ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои донишгоҳ иштирок мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Талабот ба довталабон:
• дар вазифаи роҳбарикунанда ё вазифаи масъули маъмурии донишгоҳ фаъолият намоянд;
• дар самти идоракунии донишгоҳ, фаъолияти маъмурӣ, молиявӣ ё робитаҳои байналмилалӣ таҷрибаи дахлдор дошта бошанд;
• забони англисиро дар сатҳи кофӣ барои иштироки фаъолона дар омӯзиш ва муҳокимаҳои касбӣ донанд;
• роҳҳои истифодаи таҷрибаи андӯхтаро барои такмили фаъолияти маъмурӣ ва идоракунии донишгоҳ пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда
• Ариза барои иштирок дар озмун.
• Тарҷумаи ҳол (CV) бо забони англисӣ.
• Номаи ҳавасмандӣ бо забони англисӣ бо шарҳи ҳадафҳои иштирок ва роҳҳои истифодаи донишҳои андӯхта.
• Пешниҳодномаи роҳбарияти донишгоҳ оид ба пешбарии номзад.
• Ду тавсиянома.
• Нусхаи шиносномаи хориҷии амалкунанда.
Ҳуҷҷатҳо бояд то 20 октябри соли 2026 ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ пешниҳод карда шаванд.
Аризаҳо аз ҷониби комиссияи озмунӣ бо назардошти таҷрибаи дахлдор, масъулияти вазифавӣ, ҳавасмандӣ ва мутобиқати довталаб ба ҳадафҳои омӯзиш арзёбӣ мегарданд.
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед:
Бинои асосӣ, ҳуҷраи 217
Почтаи электронӣ: ksu.robita@gmail.com