ПОСДОРИ ГАНҶИ МИЛЛАТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети шарқшиносӣ, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти факултет, устодону омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷӯраева Сарвиноз ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Заҳибуллозода Муътабар доир ба эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳифзу эҳёи суннату анъанаҳои мардумӣ беназир буда, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мақому манзалати забони тоҷикӣ устувор гардид. Дар фарҷом донишҷӯён доир ба ватандӯстӣ, забондӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ шеърҳо қироа карданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи гиромидошти забони тоҷикӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гашт.
Тавре ки қайд карда шуд, нақши омӯзгор дар рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии ҳар як фарди ҷомеа назаррас буда, тамоми пешрафту дастовардҳои башарият маҳз аз фаъолият ва меҳнати омӯзгорон вобастагӣ дорад.
Чуноне, ки дар маърузаҳои дотсентон Ромиз Абдуллоев ва Абдуманнон Одинаев зикр гашт, миллати тоҷик дар масири таърихи пурфоҷеаи худ борҳо гирифтори буҳрони сиёсӣ гашта, қаламрави он аз ҷониби қавму қабоили мухталиф тасарруф шуд. Аммо ҳеҷ вақт забон ва асолати худро аз даст надод, баръакс онҳоро водор намуд, ки забони тоҷикиро ба ҳайси забони расмиву коргузории худ қабул намоянд.
Дар идома аз ҷониби донишҷӯён барномаи рангини бадеӣ манзур гардида, доир ба мақоми омӯзгор ва бузургии забон шеърҳо қироат карда шуд.