ҚАДРШИНОСИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ОМӮЗГОР
Имрӯз зимни баргузории мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.
“Ифтихорнома”-и мазкур ба муносибати Рӯзи омӯзгор, бо мақсади қадрдонӣ аз фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар роҳпаймоии осоишта тақдим гардид.
Ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз ин дастоварди роҳбарияти муассиса изҳори хушнудӣ намуда, роҳбари Донишгоҳро барои ноил гардидан ба чунин комёбӣ самимона табрик менамояд.