Густариши
робитаҳои байналхалқӣ яке аз самтҳои
муҳими фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб
меравад ва алҳол донишгоҳ бо зиёда аз
40 муассисаҳои таҳсилоти оли, пажӯҳишгоҳҳои
илмӣ тадқиқоти ва таълимии кишварҳои
хориљи дуру наздик дар асоси шартнома,
ҳамкорҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар
ин замина
соли 2018- 6 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо
расонида шуд. Соли 2018 ҳамкориҳои хориљии
донишгоҳ аз рӯи 4 самти фаъолият роҳандозӣ
гардид.
-
Ҳамкорӣ
бо барномаҳои ERASMUS+ кишварҳои узви
Иттиҳоди Аврупо
-
Ҳамкорӣ
бо сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои
байналмилалӣ
-
Ҳамкорӣ
бо Россотрудничество, Евро Осиё ва
донишгоҳҳои Россия
-
Кор
бо донишгоҳҳои Россия.
Дар
оғози
соли равон мониторинги лоиҳаҳои
ба итмом расидаи аз ҷониби
намояндаи Офиси Миллии ERASMUS+ дар Тоҷикистон
Зарина Нуриддинова гузаронида шуд.
Қайд
намуданд, ки лоиҳаҳои
баохиррасида, умуман бо муваффақият
иҷро
шуданд. Дар баробари ин санаи 12-уми январ
семинари омӯзиши
оид ба барномаҳои
нави ERASMUS+- ро гузаронида шуд, ки дар он
барои омўзгорон, донишҷўён,
магистрантон ва аспирантон маълумотҳои
муфид нисбати иштирок дар барномаҳои
табодули академики ва амалии КА-1, КА-2
ва КА-3 маълумоти муфассал пешниҳод
карда шуд.
Дар
соли 2018 чорабиниҳои
гуногуни оммавӣ,
иттилооти , инфироди ва табодули
интернети барои татбиқи
3 лоиҳаҳои байналмилалиӣ,
дар доираи барномаҳои ERASMUS+ амалӣ карда
шуданд:
-
ERASMUS-PAWER “Муҳайё намудани шароит барои
зудҳаракатии академикии минтақавӣ ва
таъмини сифати таҳсилот”;
-
ERASMUS-TUTORIAL
“Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи
маориф,тадқиқот ва иноватсия дар ҳифзи
муҳити Осиёи Марказӣ”
- ERASMUS-EXTEND
“Беҳдошти таҳсилоти муҳандиси тавассути
тайёр намудани омӯзгорон ва методҳои
нави педагогӣ дар Руссия ва Тоқикистон”. Дар
доираи ин лоиҳаҳо дар соли 2018 зиёда аз
25 нафар омӯзгорони ихтисосҳои мухталиф
дар Донишгоҳи давлатии сохтмони Москва
(Россия), Донишгоҳи давлатии Мордовия
(Россия), Донишгоҳи
политехникии Руминия , Донигоҳи техникии
Берлин (Олмон) , Донишгоҳи Милани Италия,
Донишгоҳи давлатии Эстония, ва дигар
муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои
хориҷи дуру наздик сафар намуда, донишу
малакаи худро такмил доданд.
Нисбат
ба солҳои пешин ҳамкориҳои донишгоҳ бо
ташкилотҳои гуманитарию донишгоҳҳои
Россия ва Љумҳурии Ўзбекистон вусъат
ёфта чорабиниҳои гуногуни илмӣ, амалиро
баргузор шуданд. Зиёда аз 100 нафар
донишҷӯён донишгоҳ дар
озмуни сафоратхонаи Љумҳуриҳои
Чин ва
Ҳиндустон ширкат варзида, 17
нафари онҳо ғолиби
озмун гардиданд ва соҳиби роххат барои
таҳсил
дар донишгоҳҳои номбурда гардиданд
Соли
2018 дар заминаи ҳамкории бо ташкилотҳои
байналмилалии муқими Толчикистон,
мисли Иснтитути кушодаи “Бунёди Мадад”
дар Точикистон, ташкилоти минтақавии
Олмонии ДААД дар ш.Душанбе якчанд
семинарҳои омӯзиши ба хотири баррасӣ
намудани барномаҳои таҳсилотӣ, илми –
тадқиқоти, барои омӯзгорону донишҷӯён
ва магистрантон гузаронида шуд.Дар
натиҷа,
шумораи шахсоне, ки дар барномаҳо иштирок
намуда соҳиби роҳхат барои сафар ба
кишварҳои хориҷӣ гардиданд дар соли
2018 назар ба 2017 қариб ду маротиба афзуд.
Боз як чорабинӣ
дар ҳамкор
бо ташкилоти ҷамъиятии
«Бунёди мадад» моҳи
феврали соли 2018 баргузор гардид ва имрӯз
донишгоҳ бо дастгирии молиявии ин
ташкилот ба маркази”Инкишофи барвақтаи
кудак” соҳиб гардид.
Муносибатҳо
бо Сафоратхонаҳои
ИМА,
Чин, Ҳиндустон,
Олмон, Индонезия Россия, Қазоқистон
Узбекистон
дар Тоҷикистон
ва Институти Конфутсий дар назди
Донишкадаи миллии Тоҷикистон
хуб ба роҳ
монда шудааст. Ҳар
сол донишҷӯёну
омӯзгорони
донишгоҳ
дар озмунҳои
гуногуни ин Сафоратхонаҳо
иштирок намуда, соҳиби
роҳхат
барои таҳсил
дар донишкадаҳои
гуногун мегарданд. Алҳол
5 нафар дар донишгоҳҳои Ҳиндустон, 27
нафар дар донишкадаҳои Чин таҳсил
менамоянд.
Яке аз воқеаҳои
муҳим
ва хотирмони соли 2018 ташрифи Сафири
Фавқуллода
ва Мухтори Ҷумҳурии
Федеративии Олмон Нейхарт Хефер-Виссинг
ба донишгоҳ
аст, ки охири моҳи
май баргузор гардид.
Дар
ин давра мутобиқи барномаи MENTOR - и
сафоратхонаи ИМА 8 нафар муаллимони
ҷавони факултетҳои забонҳои хориҷӣ в
забонҳои шарқ дар силсила семинарҳои
омӯзиши забони англисӣ, ки дар шаҳри
Душанбе баргузор гардид, иштирок
намуданд.
Дар чорчӯбаи ҳамкори бо сафоратхонаи
ИМА дар ш. Душанбе барномаҳои таҳсилотии
Фулбрайт, Хамфри барои омӯзгорони ҷавон
ва магистрантон пешниҳод карда шуд.
Иштироки омӯзгорон, магистрантон,
аспирантон ва донишҷӯён дар барномаҳои
таҳсилотии сафоратхонаҳои ИМА, Чин,
Ҳиндустон ва дигар фонди ташкилотҳои
хориҷӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст.
Масалан, дар соли 2013 - 32 нафар, соли
2014 - 42 нафар, соли 2015 - 45 нафар, соли 2016
- 56 нафар ва соли 2017 - 67 нафар донишҷӯёну
омӯзгорон муваффақ шуданд, ки донишу
малакаи худро дар донишгоҳҳои Аврупою
Чин такмил диҳанд Ин нишондиҳанда дар
соли 2018 -75 нафарро ташкил медиҳад.
Соли
2018 зимни ҳамкорӣ
бо «Маркази илми фарҳангии
Руссия» дар вилояти Суғд
якчанд чорабиниҳои
илми-амалӣ
гузаронида шуд, ки дар он олимон ва
донишҷӯёни
донишгоҳ
фаъолона иштирок намуданд. маркази
номбурда дар барқарор
намудани алоқаҳои
илмӣ
ва таълимӣ
бо донишгоҳҳои
Руссия кӯмаки
амалӣ
мерасонад. Дар факултети забонҳои
хориҷӣ
моҳҳои
апрел, май олимпиадаи толибилмони
мактабҳои
таҳсилоти
ҳамагонаи
ш.Хужанд, Бӯстон,
Гулистон аз ҷониби
Донишгоҳи
Федералии Архангелск, Донишгоҳи
ҳавопаймои-кайҳонии
Воронеж гузаронида шуд.
Донишгоҳ
алҳол
бо 45 донишгоҳҳои
олии мамлакатҳои
дурру наздик ҳамкорӣ
дорад. Соли
равон 14
шартномаҳои ҳамкорӣ- бо Донишгоҳи
давлатии педагогии Москва, Донишгоҳи
давлатии педагогии Оренбург, Донишгоҳи
созтмони шаҳри Москва, Донишгоҳи техникии
Москва, Донишгоҳи давлатии Магнитагорск
Донишгоҳи
Латвия,Донишгоҳи
техникии Руминия
Донишгоҳҳои Самарқанд, Андиҷон , Фарғонаи
Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи
қирғизӣ-ӯзбекии Ҷумҳурии Қирғизистон
ба имзо расид ва тибқи
ин шартномаҳо корҳо оғоз гардиданд. Яке
аз чунин чорабиниҳо
ин конференсияи байналмилалӣ
дар мавзӯи”Саҳми олимони Россия дар
омӯзиши мероси таърихию фарҳанги ва
табии Тоҷикистон”, ки дар он 6 нафар
олимони рус иштирок намуданд. Намояндагони
Донишгоҳҳои
Самарқанд,
Андиҷон.
Фарғона
ба донишгоҳамон
ташриф оварданд ва вохӯриҳои
судманд гузаронида шуд.
Дар
соли 2018 шумораи донишҷӯёни
хориҷӣ
ба зиёда аз 600 нафар расид, ки онҳо
асосан аз Ҷумҳуриҳои
Қазоқистон,
Қирғизистон,
Ӯзбекистон
ва Кореяи Ҷанубӣ
ва Афғонистон
мебошанд. Чун ҳамасола
масоили давомот, пешрафти сифати таҳсилот
ва вазъи истиқомати
онҳо
таҳлил
карда шуда, дар ҷаласаи
Раёсати донишгоҳ
мавриди баррасӣ қарор
гирифт..Кор бо донишҷӯёни
хориҷӣ яке аз муҳимтарин самти фаъолияти
Раёсати донишгоҳ ,ШРБ ва факултетҳо ба
шумор меравад
Дар
факултети забонҳои
шарқ
“Ҳафтаи
забони хитойӣ” ташкил карда шуд, ки
дар тӯли
он чорабиниҳои
гуногун гузаронида шуданд.. Дар
арафаи ҷашнгирии
иди Наврӯзи
байналмилалӣ
бо ташаббуси шӯъбаи
робитаҳои
байналмилалӣ ва дастгирии садорати
факултети филология рус барномаи
фарҳанги
таҳти
унвони «Наврӯзи
дӯстӣ»
баргузор гардид. Донишҷӯёни
Ҷумҳуриҳои
Қирғизистон,
Қазоқистон,
Ӯзбекистон,
Кореяи Ҷануби
ва Тоҷикистон
якҷоя
баромад намуда, арзишҳои
фарҳангӣ
ва суннатии халқи
хешро намоиш доданд.. Бояд зикр намуд,
ки дар назди ШРБ клуби байналмилалии
“Дӯстӣ”
амал менамояд, ки моҳе
як маротиба ҷамъомадҳо
бахшида ба санадҳои
муҳими
миллӣ,
байналмилалӣ
гузаронид мешавад., Ҳуҷҷтҳои
таҳсилотии
онҳо
барои гузаштани нострификатсияи
давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
омода карда шуда барои тасдиқ
ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон
пешниҳод
карда шуд. Раёсти донишгоҳ қисми
зиёди муҳассилини
хориҷии
шӯъбаи
рӯзона
бо хобгоҳ
таъмин намуда барои таҳсилу
истироҳати онҳо шароити хубро фароҳам
овардааст.
Дар
давраи ҳисоботӣ, зиёда 40 барномаҳои
байналмилалӣ- таҳсилотӣ
ва илмӣ-тадқиқотии
фондҳо
ва ташкилотҳои
хориҷӣ
барои донишчӯён,
магистрантон, аспирантон ва омӯзгорон
пешниҳод
карда шуд. Тибқи
қарори
Шӯрои
Олимони донишгоҳ бо мақсади
амали намудани бандҳои
“Барномаи давлатии омӯзиши
забонҳои
англисӣ
ва русӣ барои солҳои
2015-2020” дар донишгоҳ
11 гурӯҳи
курсҳои
омӯзиши
забони англисӣ барои устодон ва кормандон
роигон ташкил карда шудан,ки онро 114
нафар хатм намуда соҳиби
сертификат гардиданд.