Принсипҳои асосии мактаби давлатдории Пешвои миллат
Дар факултети математика ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.
Декани факултети математика, дотсент Дилшод Музафаров дар мавриди таҷлили Рӯзи Президент ва хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат дар таъмини суботи сиёсии кишвар таъкид дошт.
Дар мавзуи "Принсипҳои асосии мактаби давлатдории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ва иштирокдори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллохоҷа Атохоҷаев оид ба "Иҷлосияи сулҳовар ва Эмомалӣ Раҳмон", муаллими калони кафедраи алгебра ва геометрия Абдушаҳид Миршоев перомуни “Нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат дар рушду пешрафти ҷомеаи нави Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил