Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
Сардор
Телефон барои маълумот
Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (собиқ шуъбаи таълими ғоибона) соли 1937 ташкил гардидааст. Дар ибтидо таълими ғоибона дар се факултет – Забон ва адабиёти тоҷик, химия-биология ва таърих ба роҳ монда шуда, шумораи умумии донишҷўён 290 нафарро ташкил мекард. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои дар бойгонии вилоят маҳфузбуда (№264), аввалин мудири сектори ғоибона Раҳим Алӣ мебошад. Минбаъд Алимуҳамедов А., Қурбонов А., Мақсудов Т., Мухамедов Х., Ҷумаев Р., Асадуллоев С., Литвинова С.В. ба ҳайси чонишини директор оид ба таълими ғоибона, Мирҳайдаров Х., Мирзоқулов Т., Ўлмасов М., Раҳимов А.И. ба ҳайси муовини ректор оид ба шуъбаи ғоибона, Сатторов А. ва Раҳмонов З.П. ба ҳайси мудири шуъбаи таълими ғоибона фаъолият намудаанд. Аз моҳи апрели соли 2011 вазифаи мудири шуъба ба зиммаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадшоев М.М. вогузор карда шудааст.
Дар самти таҳсилоти фосилавии донишгоҳ (собиқ шуъбаи таълими ғоибона) аз руи 30 ихтисос дар 15 факултет фаъолият ба роҳ монда шудааст. То имрӯз шумораи донишҷӯёни ғоибхон дар донишгоҳ беш аз 10 000 нафарро ташкил медиҳад.
Ҷараёни баргузории таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби раёсати таълим пайваста мавриди назорат қарор дорад. Аз ҷониби таҷрибаомӯзони ғоибхон бахшида ба санаҳои таърихӣ, рӯзҳои ҷашнӣ ва рӯзгору фаъолияти ашхоси таърихӣ чорабиниву маҳфилҳои ҷолибу хотирмон гузаронида мешавад. Тибқи «Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №2122 аз 15.07.2016) фармоиши ректори донишгоҳ ва ҷадвали фаъолиятикории комиссияи экспертӣба имзорасидааст, ки ба он муовини ректор оид ба корҳои таълим, сардори раёсати таълим, мудирони шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилот, таҳсилоти фосилавӣ, тиҷорат, декани факултетҳо, ҳуқуқшиноси донишгоҳ ва котиб шомил мебошанд. Вазъи иштироки донишҷӯёни ғоибхон тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур ва маркази машваратию бақайдгирӣ пайваста мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
Таҳсилоти фосилавӣ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тайёр кардани мутахассисони салоҳиятнок тавассути таҳсилоти фосилавӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда истодааст. Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №05/01 аз 19.08.2015) бо назардошти ҷаҳонишавии низоми таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тавассути таҳсилоти фосилавӣ, дар асоси “Низомномаи оид ба маркази таҳсилоти фосилавӣ”, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 01.09.2017 дар заминаи шуъбаи ғоибона шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Саҳифаи сомонаи таҳсилоти фосилавӣ дар сомонаи донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар он ҳамаи донишҷӯёни низоми мазкур дорои суроғаҳои электронӣ ва рамз мебошанд. Барои шиносии онҳо бо низоми мазкур ҳафтаи аввали моҳи сентябр тибқи нақшаи таълимӣ машғулиятҳои дастурӣ доир карда шуда, ба таври озмоишӣ донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун аз рӯи низоми таҳсилоти фосилавӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар бинои таълимии №3 як синфхонаи компутерии муҷаҳҳаз бо 18 адад компутер ба фаъолият оғоз намудааст, ки муҳассилини муроҷиаткунанда давоми соли хониш аз он истифода мебаранд. Инчунин кормандони шуъба барои донишҷуёне, ки дар фаҳмиши ин низом душворӣ мекашанд ва ё бо технологияи муосир кор карда наметавонанд, курсҳои омӯзиширо ташкил намуданд, ки давра ба давра идома меёбад. Аз ҷониби сармутахассиси шуъба А.Абдуллоев дастурамали таълимии "Таҳсилоти фосилавӣ дар системаи Moodle” таҳия ва нашр шудааст, ки барои устодон ва донишҷӯён ҳамчун роҳнамо хоҳад буд. Бо мақсади ворид намудани маводҳои таълимӣ ба системаи таҳсилоти фосилавӣ мавзуҳои рисолаҳои хатм ва корҳои дипломии хатмкунандагони ихтисосҳои факултети телекомуникатсия ва технологияи иттилоотӣ дар ҳамин самт муайян карда шуда, хатмкунандагони мазкур барои фанҳои таълимии ҳар як нимсолаи таҳсил, 16 ҳафтаи таълимӣ маводҳоро ба монанди: мухтасари лексияҳо; маводи дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ; мавод барои КМРО ва КМД; инчунин, маводҳои санҷиширо ба системаи иттилоотии низоми фосилавӣ ҷойгир намудаанд.
Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон номи сомонаи СТФ ба www. fosilavi.hgu.tj иваз шуда, саҳифаи аввали сомона ба талаботи низомномаи таҳсилоти фосилавӣ мувофиқ гардонида шудааст.