Осорхонаи донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Осорхонаи донишгоҳ соли 1982 дар арафаи 50-солагии донишгоҳ (Институти давлатии педагогии ба мони С.М.Киров) ташкил шудааст. Асосзгузори музей А.З.Дун ва Войченко буда, то соли 2002 музей дар ихтиёри эшон буд. Аз соли 2002 то соли 2004 М.Файзуллоев мудири осорхонаро ба ўҳда дошт. Музей аз нав соли 2002 ба муносибати 70-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳозира бинои асосӣ аз нав муҷаҳҳаз карда шуд, ки он музейи аз ҷиҳати талаботи фанни осорхонашиносӣ аз рўи мавзўъ-хронологӣ бунёд шуд. Дар музей зиёда аз 2500 ҳазор асарҳо ва маълумотҳои музей ҷамъ оварда шуданд. Дар давраи 70-солагӣ (2002) барои 15 факултетҳои донишгоҳ 15 деворнигора (стенд) ва ва шишаҷевонҳо (витрина) бунёд карда шуданд, ки аз мавод аз рўи таърихи ташхиси факултетҳо ва кафедраҳо ҷойгир карда шуданд, ва инчунин, барои кафедраҳои байнифакултавӣ ва раёсати донишгоҳ низ деворнигора бахшида шуда буд.

Деворнигораи махсус бахшида ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз шудааст. Бахшида ба иштирокчиёни ҶБВ аз байни коллективи донишгоҳ як деворнигора ва ду ҷевон шиша офарида шуда буд. Инчунин деворшишаҳои боқимонда дар бораи таърихи донишгоҳ мукаммал маълумот медод.
Осорхона дар ҷашни 70-солагӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифтааст.

Осорхонаи донишгоҳ таҷдид шуда, он 16-уми марти соли 2018 дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар ошёнаи якуми бинои таълимии №1 донишгоҳ бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсент Юлдошев Рустам ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ин давра ба осорхона олимон ва хайати сафоратхонаи ИМА дар шаҳри Душанбе ва устодони донишгоҳҳои кишвар ва хориҷ ташриф оварданд.

Имрўзҳо дар осорхона раванди ҷамъоварии мавод идома ёфта истодааст. Чунончӣ:

- осорхона барои тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, пайваста кўшишу талош дорад;

- мавод оид ба собиқадорони донишгоҳ, ки солҳои зиёд дар донишгоҳ фаъолият доштанд;

- асарҳои нави олимони донишгоҳ ба Осорхона чамъоварӣ шуда истодаанд;

- барои пешбурди кор осорхона бо осорхона ва Бойгонии вилоятӣ ҳамкорӣ дорад;

- дар осорхона ҷамъоварии мавод дар бораи собиқ хатмкунандагоне, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он хизматҳои шоёнро анҷом доданд идома дода истодааст ва ғайраҳо.