Радиостудияи "Фурӯғ"
Сардор
Телефон барои маълумот
Дар назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б Ғафуров” соли 2005радиостудияи “Садои донишҷӯ” таъсис дода шуд, ки донишҷӯёни шӯъбаи журналистика ва назарияи тарҷума маводи радиоӣ омода менамуданд ва барномаҳои таҳия намудаи донишҷӯён дар факултети филологияи тоҷик пахш мегардид. Аз рӯзи ташкилшавии радио якчанд рӯзноманигорони ҷавон аз қабили Осим Носиров, Ҷамшеди Маъруф, Аслиддин Очилов, Замира Сатторова, Фарух Файзуллоев, Малика Саидхӯҷаева, Афсал Босолиев роҳбарии радиостудияро бар зимма доштанд.
Соли 2015 аз сабаби корношоям гаштани тачҳизоти техникӣ радиостудияи мазкур аз фаъолият бозмонд.
Соли 2017 бо дархости кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ва дастгирии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло радиостудия бо номи “Фурӯғ” бо таҷҳизотҳои лозима аз нав барқарор карда шуд, ки муҳаррири масъули он аз соли 2017 то моҳи октябри соли 2020, хатмкардаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Салимҷон Саидов ба зима дошт.
Дар студияи мазкур дар баробари гузаронидани дарсҳои амалӣ, ҳамчунин барномаҳои радиоӣ низ таҳия мегардиданд, ки инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангии донишгоҳро дарбар мегирад. Ҳамчунин барои фавран таъмин намудани донишҷӯён бо навигариву чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ ва муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, устодони соҳибмактабу ботаҷриба, дарсҳои беҳтарини устодон, раванди низоми таҳсил дар донишгоҳ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии вилоят хизмат мекунад. Гузоришу барномаҳои омоданамудаи донишҷӯён тариқи радиоҳои маҳаллӣ низ пахш мегардад.
Дар ин замина, моҳе ду маротиба дар радиостудия маҳфили радиоӣ гузаронида мешавад, ки мутахассисони соҳаи радио ширкат варзида, ба донишҷӯён нозукиҳои ин касбро меомӯзонанд.
Дар ин солҳо, ки барномаҳои омоданамудаи донишҷӯён дар вақти танаффусҳо гузошта мешуд. Эфири радиостудия 70 дақиқаро ташкил дода, он аз моҳи феврали соли 2018 дар факултети филологияи тоҷик ҳамарӯза аз соати 7:50 дақиқаи субҳ то соати 13:10 дақиқаи нистфирӯзӣ пахш мегардид.
Аз моҳи октябри соли 2020 муҳаррири масъули радиостудияи “Фурӯғ”-роУзви иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналист Бобоназаров Шоҳин Сафаралиевич ба зима дорад. Аз моҳи декабри соли 2020 унвони радиостудияи “Фурӯғ” ба номи Радиои “Фурӯғ” – и СТТ “Фурӯғ”-и МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва вазифаи муҳаррири масъулирадиостудияи “Фурӯғ” ба мудири бахши радиои “Фурӯғ” иваз карда шуд, ки онро журналист Бобоназаров Шоҳин Сафаралиевич ба зима дорад.
Аз моҳи октябри соли 2020 то ҳоло радио фарогири панҷ самти донишгоҳро инъикос менамоянд. Бояд қайд намуд, ки дар радиои “Фурӯғ” зиёда аз 40 барномаҳои гуногун омода гардида, ҳамарӯза он пахш карда мешавад. Вақти умумии эфири радиостудия аз соли 2018 то моҳи октябри соли 2020, 70 дақиқа омода карда мешуд, акнун аз 70 дақиқа ба 105-дақиқа зиёд карда шуд, ки ҳамарӯза дар вақти танаффусҳо аз соати 07:40-субҳ то соати 17:45-и бегоҳирӯзӣ дар ду басти таълимӣ пахш карда мешавад.
Дар студияи мазкур дар баробари гузаронидани дарсҳои амалӣ, ҳамчунин барномаҳои радиоӣ низ таҳия мегарданд, ки инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангии донишгоҳро дар бар мегирад. Ҳамчунин бароифавран таъмин намудани донишҷӯён бо навигариву чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ ва муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, устодони соҳибмактабу таҷрибадор, дарсҳои беҳтарини устодон, раванди низоми таҳсил дар донишгоҳ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии вилоят хизмат мекунад.
Рўйхати барномаҳои радиои “Фурӯғ”, ки
дар соли 2021-22 омода ва манзури шунавандагони
радио гардонида мешавад, дар зер унвони чандтои онро меорем:
1.”Субҳи донишҷӯ” – барномаи мазкур фарҳангиву фароғатӣ буда, он ҳар субҳи душанбе то шанбе, аз соати 07:40 то 08:00 дар таҳияи донишҷӯёни соли 1-ум ва 2-юми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ таҳия гардида, бо мазмуну мӯҳтавои хоса манзури шунавандагони радио устодон ва донишҷӯён гардонида мешавад.
2. “Набзи донишгоҳ” – барномаи иттилоотӣ буда, дар он хабару гузориш аз ҷараёни чорабиниву маҳфилҳо, конференсияву вохӯриҳо, муаррифии китобу дастовардҳои донишгоҳ, дар ҳамкорӣ бо сомонаи донишгоҳ таҳия намуда, дар давоми ҳафта ҳар рӯз аз рӯзи душанбе то шанбе соати 08:50 ва 10:50 омода ма манзури шунавандагони радио гардонида мешавад. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур ба устодон ва донишҷӯён аз рӯйдодҳои муҳими донишгоҳ иттилоотро саривақт расонидан мебошад. Бояд зикр намуд, ки барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, дар он гузоришҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ аз фаъолият ва чорабиниҳои дирӯзаи факултетҳои донишгоҳ, хабару эълонҳо аз чорабиниҳоиимрӯзаи донишгоҳро фаро мегирад.
3.“Ойинаи донишҷӯ” – ин барномаест, ки муаррифгари чеҳраҳои намоёни донишҷӯёни донишгоҳ мебошад, ки аз нафароне нақл мекунад, ки онҳо дар олимпиада, озмун ва чорабиниву маҳфилҳои дохили факултет, сатҳи донишгоҳ, берун аз он дар шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, обрӯву эътибори донишгоҳро муаррифӣ намудаанд ва инчунин, гирандагони стипендияипрезидентӣ, раиси вилоят ва донишгоҳӣ ҳастанд ва барои дигарон намунаи ибрат мебошанд нақл мекунад. Ин барнома дар таҳияи донишҷӯёни соли дуюми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси рӯзноманигорӣ таҳия карда мешавад ва он ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва чоршанбе, аз соати 09:50 дақиқаи субҳ дар радиои “Фурӯғ” пахш карда мешавад.
4. “Илм ва техника” (ихтироъкорӣ) – бахшида ба солҳои 2020-2040, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда буданд, барномаи мазкур таҳия гардида, аз дастовардҳои илмӣ ва навгониҳо дар самти ихтироъи донишгоҳ, ки дар факултетҳои Т ва ТИ ва физика техникабештар ба роҳ монда мешавад, бо олимону ихтироъкунандаҳо мусоҳибаҳо таҳия гардонида, онро манзури шунавандагони радиои “Фурӯғ” гардонида мешавад.
5.”Достонҳои дилангез” – барномаи маърифатӣ ва адабӣ буда, дар он истифода аз асарҳои шоирону нависандагони барҷастаи адабиёти классикиву муосири тоҷик, ба мислӣ: “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ Шерозӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо асарҳои панду ахлоқии муттафакирони форсу тоҷикро таҳия намуда, манзури шунавандагони радио гардонида мешавад. Мақсад аз таҳияи барномаи номбурда, дар он аст, ки барои баланд бардоштани маърифату ахлоқ, тарбияи дуруст гирифтан, одоби ҳамидаи донишҷӯён ва инчунин,савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии онҳоравона карда мешавад. 6. “Пешвои мо-ифтихори мо!” – барномаи мазкур аз хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои мухталифи ҷомеа нақл мекунад. Инчунин, пурсиши афкору мусоҳибаҳо бо намояндагони факултетҳои донишгоҳ дар самти хизматҳои Сарвари мамлакат омода карда, онро дар радиои “Фурӯғ” ҳар ҳафта рӯзи душанбе то шанбе аз соати 13:00 пахш карда мешавад.
7. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!”- барномаи мазкур дар партави суханрониҳои Роҳбари мамлакат таҳия карда мешавад, зеро ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, баланд бардоштани фарҳанги китобдориву китобхонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин барнома бо донишҷӯёни фаъоли китобхон ва дӯстдорони каломи воло, ки дар Китобхонаи марказии донишгоҳ бештар ба мутолиаи китоб машғул мебошанд, дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи марказии донишгоҳ омода карда, он манзури шунавандагони радиои “Фурӯғ” гардонида мешапвад.
8. “Дунёи маънӣ”-дар ин барнома шеъру гуфторҳои бузургон бо забони худашон (дар мисоли: Лоиқ, Фарзона, Озарахш, Гулрухсор ва ғайра). Инчунин, аз тарафи донишҷӯён аз эҷодиёти шоирон шеъру гуфтор, рубоиву дубайтӣ, ғазалу достонҳо омода ва манзури шунавандагони радио гардонида мешавад. Ҳамчунин, панду андарз аз ашъори бузургони ватанӣ ва хориҷӣ омода карда мешавад.
9.“Тафсири номҳо”- дар ин барнома шарҳи номи инсонҳо, кӯлу дарёҳо, шаҳру давлатҳо ва монанди инҳо, инчунин, истифода аз китобифарҳанги забони тоҷикӣ шарҳ додани калимаҳо низ зери рубрикаи “Шарҳи 3 калима” пешниҳод карда мешавад.
10. “Якрӯзнома”- барномаи маърифатї-иттилоотӣ аз таърихи рӯзномањои Тоҷикистон нақл мекунад, ки дар натиҷаи он донишҷӯён аз нашри рӯзномаҳои ватанӣ ва хорифӣ маълумот мегиранд ва савияи дониши худро боз ҳам васеҳ менамоянд.
Ин 10 барнома аз гулчини барномаҳои радиои “Фурӯғ” –и донишгоҳ мебошад.