Шуъбаи табъу нашр

Телефон барои маълумот

Мусаллам аст, ки чопи маводи таълимӣ ва асарҳои илмӣ, дар воқеъ, яке аз самтҳои муҳими кору фаъолияти раёсати донишгоҳ ба шумор меравад. Ба ин хотир, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” раванди табъу нашри асарҳоро аз оғози фаъолият то имрӯз мунтазам идома медиҳад. Бояд гуфт, ки баробари дар донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудани Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз моҳи сентябри соли 2017 сар карда, дар назди Раёсати илм ва инноватсия шуъбаи табъу нашр расман таъсис дода шуд.

Фаъолияти табъу нашрии ҷомеаи донишгоҳ низ бар мабнои қарору пешниҳодҳои Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ мегардад. Имрӯз тавассути ин Шӯро беш аз 90 номгӯи китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои илмӣ баррасӣ гардида, дар ҳар ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии он бо пешниҳоди шуъбаи табъу нашри донишгоҳ аз 4 то 9 номгӯи китобҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегиранд. Танҳо баъди иҷозати шӯро ва дарёфти нусхаи қарори Шӯрои илмӣ-методӣ муаллифи китоби пешниҳодшуда, метавонад соҳиби иҷозати чоп гардад.

Айни ҳол, дар шуъбаи табъу нашри донишгоҳ ду нафар, Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович, номзади илмҳои филология, дотсент, ба ҳайси мудири шуъба ва Каримов Фаррухҷон Исломович ҳамчун сармутахассиси шуъба иҷрои вазифа дошта, пеш аз ҳама, тибқи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои нашри асарҳои илмӣ ва мувофиқи талаботи қоидаҳои амалкунандаи забони тоҷикӣ раванди таълиф ва тадвини корҳои табъу нашрии устодон ва кормандони донишгоҳро назорат ва мавриди таҳриру таҳия қарор медиҳанд.

Дар асоси қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров муаллифони монографияҳои илмӣ бо мукофтпулии якдафъина, дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва муаллифони мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои дар КОА Федератсияи Русия номнависшудаанд аз 300 то 600 сомонӣ қардшиносӣ мегарданд, ки то имрӯз барои монография 7 нафар мукофотпулӣ гирифтанд ва беш аз 80 нафар барои мақолаҳои илмӣ соҳиби мукофотпулӣ гардидаанд.

Омилҳои фавқуззикр сабаб гардиданд, ки раванди таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, монографияҳои илмӣ, мақолаҳои илмӣ, умуман фаъолияти табъу нашрии донишгоҳ куллан тағйир ёбад ва ҳадаф аз овардани ин маълумот низ баёни ин матлаб буд.

Дар баробари ин тамоюли зиёдшавии раванди таълифи китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои илмиро метавон аз маълумотномаҳои омории Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайдо намуд.

Ҷои таъкид аст, ки ин маълумот аз Китобхонаи марказии донишгоҳ ба мо дастрас гардида, дар он танҳо миқдори китобҳои ба китобхонаи марказӣ воридгардидаи устодони донишгоҳ ба назар гирифта шудааст. Албатта, асарҳои нашршуда дар баъзе солҳои тақвимӣ шояд аз ин нишондиҳандаҳо зиёд бошанд, вале он асарҳо, мутаассифона, ба китобхона ворид нашудаанд. Ҳарчанд маълумоти овардашуда моро аз як тараф аз раванди таълифи асарҳо ва муайян намудани тамоюли зиёдшавии таълифоти устодон хабар диҳад, аз ҷониби дигар моро аз камбудии ҷиддӣ, яъне ба китобхона манзур накардани китобҳои чопшудаи устодон огоҳ мекунад. Зеро ба ҳама маълум аст, ки аслан ҷои китоб дар китобхона аст ва китобхона аст, ки бе миннат солҳои зиёд навиштаҳо дар худ маҳфуз медорад.