Институти илмӣ-тадқиқоти илмҳои ҷомеашиносӣ

Телефон барои маълумот

  • 92-876-37-97
    Телефон
  • Бинои таълимии №2, ошёнаи 2.

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров моҳи сентябри соли 2011 дар заминаи Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст. Пажӯҳишгоҳ солҳои аввали фаъолият дар заминаи се маркази илмӣ-тадқиқотӣ – Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён (мудир – профессор Ҳасанов А.), Маркази илмӣ-таҳқиқотии ЮНЕСКО (мудир – профессор Набиев В.М.) ва Маркази пажӯҳиши тамаддуни Шарқ (мудир – профессор Ғаффорова З. А.) корҳои пажҳиширо ба амал баровард, ки ҳадафи асосии он ба роҳ мондану анҷом додан ва вусъат бахшидан ба таҳқиқи сарчашмаҳои форсиву точикӣ ва арабӣ дар заминаи таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ ва таърихнигорӣ ба шумор меравад. Директори аввалини Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Хоҷаева М. Ю. мебошад. Солҳои 2014–2015 доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова З.А. Аз моҳи сентябри соли 2012 то соли 2014 ва аз соли 2015 то инҷониб профессор Ғаффорова У.А. сарварии Пажӯҳишгоҳро ба уҳда дорад. Профессор Нуров Н. ба ҳайси муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебарад.

Фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотӣ тибқи дурнамо ва нақшаи махсуси илмӣ сурат гирифта, дар ду самт ҷараён мегирад: самти аввал корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мероси мактуби Шарқ ва масъалаҳои ҷомеашиносӣ; ва самти дувум таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ.

  • . Омӯзиш, таҳқиқ ва нашри осори хаттии асри Х1Х – ибтидои асри ХХ; 2.Масъалаҳои арабшиносӣ ва равобитифарҳангӣ; 2. Масъалаҳои адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва равобити адабӣ; 3.Матншиносӣ, таҳияву тасҳеҳ ва нашри осори адабӣ; 4.Андешаҳои ахлоқии намояндагони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои X-XVI; 5.Муқаддимаи суғдшиносӣ; 6. Фарҳангнигории форсу тоҷик; 7. Масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабии асри ХХ. 8. Мубориза алайҳи ифротгароӣ ва зӯроварӣ.

Дар бахши таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ таҳия ва нашри сарчашмаҳои муҳими адабиву таърихии форсизабон – девони Абулфазли Сират (профессор Хоҷаева М.), девони Маҳастӣ (профессор Хоҷаева М.), девони Сайфиддини Исфарангӣ, тазкираҳои Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ (Эшонқулов И.), «Тазкори ашъор», «Рӯзнома»-и Садри Зиё, тазкираи Шаръӣ; “Камоли Худжандӣ дар Русия: таҳқиқот ва тарҷумаҳо” (профессор Хоҷаева М. Ю., дотсент Аъзамзод С.), “Шарҳи шаст ғазали Фарзона (проф. Хоҷаева М.), “Маснавии «Меҳр ва Моҳ»-и Ҷамолии Деҳлавӣ”, “Девони Файзии Фаёзӣ”, “Тазкираи Сархуш”, “Сафинаи Хушгӯ” (профессор Ғаффорова З. А.), тарҷумаи “Ахлоқи Носирӣ” ба забони русӣ (профессор Ғаффорова У. А.), “Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (профессор Ғаффорова У. А.),“Девони Камоли Хуҷандӣ”; Тарҷума ва тафсирҳои куҳани форсӣ тоҷикӣ; Олим ва мутаалим;(профессор Насриддинов Ф.), “Поэтикаи ашъори Бедил”; “Девони Бедил”; “Аз Бедил то имрӯз”; “Аз сада то наврӯз” (профессор Нуров Н.); “Туҳфаи Хонӣ” (таҳия, тасҳеҳ ва пешгуфтор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ва Ғиёсов Н.); “Луғати фурс”-и Асадии Тӯсӣ” (таҳия, тасҳеҳ ва пешгуфтор), “Камол дар оинаи пажӯҳиш” (дотсент Субҳони Аъзамзод) ва ғайраҳо ба нашр расидаанд.

Пас аз барқарор шудани ҳайъати кормандон дар соли 2018 ҳоло дар Институти илмӣ-тадқиқотӣ докторони илмҳои филологӣ, профессорон Ғаффорова У., Мирзоюнус М., Ғаффорова З., Насриддинов Ф., Нуров Н., дотсентон Ғиёсов Н., С.Аъзамзод, ходими илмӣ Ҳодибоева А. фаъолият мебаранд.

Дар ин муддат дар назди Институт фаслномаи илмӣ-адабии таҳти унвони “Оинаи пажӯҳиш” таъсис дода шуд, ки маҷмӯи корномаҳои илмии кормандони онро дар самти тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик, тарҷума ва таҳияи мутун, муаррифии нухбагони илму адабиёт, сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва тақризҳоро дарбар мегирад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Институтро мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм ташкил менамояд. Чанде пеш аз ҷониби кормандони Институт маҷмӯаи мақолаҳо дар мавзӯи “Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо” таҳия гардид ва ба дасти чоп супорида шуд.

Дар назди Институти илмӣ-тадқиқотӣ маҳфилҳои илмии “Фурӯғ” (роҳбар - профессор Хоҷаева М.), “Ховаршинос” (роҳбар – профессор Ғаффорова У.), “Адабиёти форсизабони Ҳиндустон” (роҳбар – профессор Ғаффорова З.), “Бедилшиносӣ” (роҳбар – дотсент Нуров Н. фаъолият мебаранд ва дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмиву педагогӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дурнамои фаъолияти институт 2021-2022