Конференсия: Мероси хаттии Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои нусхашиносӣ
Дирӯз бо ташаббуси Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналхалқӣ таҳти унвони “Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: масъалаҳои нусхашиносӣ, тарҷума ва нақди мутуни адабӣ» бо ҳузури муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба тариқи онлайнӣ баргузор шуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳамоиши байналмилалӣ дар заминаи дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамоварӣ, тасҳеҳу нашр ва омўзиши мероси хаттии ниёкони мо ва зарурати таҳкими масъалаҳои нусхашиносӣ, тарҷума ва нақди мутуни адабӣ дар саросари олам сурат мегирад.
Сипас, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология Маҳмудзода Обидҷон Бекназар суханронӣ намуда, афзуд, ки баргузории ҳамоиши байналмилалии «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: масъалаҳои нусхашиносӣ, тарҷума, нақди мутуни адабӣ» мувофиқи мақсад буда, дар заминаи доир шудани он пажўҳишоти тоза, таҳқиқоти муфид барои шинохти нусхаҳои хаттӣ ва муаррифии муҳимтарини онҳо дар китобхонаҳои олам, тарҷума ва нақди мутун, заминаҳои ташаккули мактаби тарҷумаи осори адабӣ ба забонҳои мухталиф, пажўҳиши масоили мубрами адабиёти гузаштаи тоҷик дар заминаи баррасӣ ва истифода аз нусхаҳои арзишманди хаттии мавҷуд дар китобхонаҳои ҷаҳон рўи кор омадаанд.
Дар идома академики АМИ ҶТ Носирҷон Салимӣ дар мавзуи “Нусхаҳои хатттии “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт” ва “Лавомеъ-ур-ривоёт”- и Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар китобхонаи Париж ва арзишу аҳамияти онҳо”, ппрофессор Чандар Шекҳар, Ройзани ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ўзбекистон дар мавзуи “Нусхаҳои хаттии марбут ба Ҳинд дар Институти шарқшиносии ба номи А.Берунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, профессори Рейснер М.Л. дар мавзуи “Теория повествования в романических поэмах Низами с точки зрения нормативной поэтики”, Умеда Ғаффорова – директори ИИТ илмҳои ҷомеашиносӣ, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар мавзуи “Тарҷума ва таҳқиқи мероси мактуби Шарқ дар Пажӯҳишгоҳи улуми ҷомеашиносӣ”, Сибгатулина А.Т. - профессори Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий (Россия) дар мавзуи “Многоголосие татарской религиозно-суфийской литературы”, Акимушкина Екатерина Олеговна, профессор ИСАА МГУ дар мавзуи “Индийские стихи Кудсии Машхади: к проблеме жанровой дефиниқии”, Шермухаммадова Нигинахон Арслоновна, д.и.ф., профессор дар мавзуи “Философское значение древних рукописей в сохранении исторической памяти и воспитания молодежи в духе национального самосознания”, Александр Ҳейзер (Олмон) раиси Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон, Нуралӣ Нуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мавзуи “Бедиль в библиотеках англии и оценках английских ученых (XIX — первая половина xx века)”, Матлубаи Мирзоюнус “Дар бораи як тазкираи камшинохтаи охири асри XIX” ва олимон аз давлатҳои Туркия, Ҳиндустону Миср перомуни масъалаҳои мероси хаттии Осиёи Марказӣ ва нусхашиносӣ баромад намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи меҳварҳои куллии баррасишаванда беш аз 60 мақола ба кумитаи тадорукот ворид гардиданд, ки дар назар аст, ки дар фурсатҳои наздик ба шакли маҷмўаи мақолоти илмии ин ҳамоиш ба чоп расад.
Маркази иттилоот ва таҳлил