​ДДХ: Маркази нави тадқиқотӣ ифтитоҳ ёфт

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази нави тадқиқотӣ таъсис ёфт, ки барои магистрантони соҳаи тиб, экология ва ҳифзи муҳити зист пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирок намуда, бо шароит ва имконоти лаборатория шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи байналмилалии “ERASMUS +” роҳандозӣ гардида, ҳамакнун марказ бо 8 адад компютери инфиродӣ, 4 адад ноутбуки замонавӣ, як адад видеокамера ва як адад принтер муҷаҳҳазонида шуд.

Бино ба маълумоти координатори лоиҳа Умеда Ғаффорова, лоиҳаи мазкур баҳри баланд бардоштани дараҷаи таълим ва тайёр намудани мутахассисони PhD магистр аз рўи ихтисосҳои “Экологияи муҳити зист” нигаронида шуда, дар доираи он дар нақшаи таълими ихтисосҳои экологияи эпидемологӣ модулҳои нав тартиб дода шудааст.

Гуфта шуд, ки маводи таълимӣ модулҳои таълимии электронӣ, замимаҳои электронӣ ва матни китоби дарсиро фаро мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таҳкими фаъолияти байналмилалӣ мунтазам ташаббус намуда, баҳри таъсиси лабораторияҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, ки барои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муҳассилини донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад, аз тамоми имконият истифода мебарад.

Ифтитоҳи маркази мазкур низ имкон медиҳад, ки донишҷўён ва PhD магистрони ихтисоси экология фаъолияти худро таҳким бахшида, дар самти татбиқи амалии донишҳои назариявӣ ва лоиҳаҳои муфиду судманд дар самти баланд бардоштани сифати таълим корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ