Рӯзномаи “Нури маърифат”
Сардор
Телефон барои маълумот
-
- +922927230048
- Телефон
Солҳои аввали қарни ХХ Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров») ташкил гардида, пас аз чанд сол минбари озоди худ - рӯзномаи бисёрададаи «Маҳорати педагогӣ»-ро ба табъ расонид, ки 53 сол инҷониб интишор мешавад. Нахустин шумораи ин рӯзнома 25-уми октябри соли 1965 ба чоп расида буд. Дар кори табъу нашри аввалин шумораи он хизмати собиқ профессор Александр Зиновевич Дун басо калон буд. Мавсуф бо ҳамкории корманди ҳизбӣ А.Раҳматуллоев ва корманди рӯзнома Ҳ.Наимова кӯшидааст, ки рӯзнома ҷолиби қабули оммаи васеи донишкада гардад. Дар барориши шумораҳои аввалини рӯзнома устоди факултети филологияи тоҷик Аҳмадҷон Усмонов фаъолона ширкат варзидааст.
Баъдтар аз (15-уми январи соли 1966) вазифаи муҳарририро Шавкат Охунович Охунов ба дӯш дошт. Мақолаҳо ба се забон дарҷ мегардиданд: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ.
Беҳтарин хабарнигорону фаъолтарин кормандони рӯзнома дар он давра, ки бо мақолаҳои илмӣ, тақризу китобиёт баромад мекарданд - У.Fаффоров, F.Ҳайдаров, Ҳ.Очилов, С.Абдуллоев, С.Марофиев, А.Абдуқодиров, У.Ҷаҳонов, А.Давронов, А.Михайлов, С.Олов, Ӯ.Аҳмадова, Ҳ.Тоатов ва дигар хабарнигорони фаъол буданд. Мавзӯву муҳтавои мақолаҳои рӯзнома асосан ба масоили илмиву таълимӣ бахшида шуда, фаъолияти илмиву адабӣ ва эҷодии устодону донишҷӯён холисона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо оид ба рафти кори маҳфилҳои илмӣ, адабӣ умуман ҳаёти донишкада ахборотҳо навишта, таклифу дархостҳои худро пешниҳод мекарданд.
Дар тӯли ин солҳо якчанд нафар аз устодон ва кормандони варзида ба сифати сармуҳаррири нашрия фаъолият бурдаанд. Аз ҷумла (солҳои 1965-66)- А.Раҳматуллоев, (соли 1966-67)- Ш.О.Охунов, (солҳои 1968-69)-Алиҷон Солиев, (солҳои 1970-72)-Саъдулло Асадуллоев ва кормандони техникӣ Ҳафиза Наимова ва Сипарка Бобоева, (аз соли 1973 то 1975) -Абдуқодир Зоҳидов, аз шумораи 4-уми соли 1975 то 37-уми ҳамин сол- Абдуманнон Насриддинов, аз шумораи 37-уми соли 1975 то шумораи 28-уми соли 1976- Абдусаттор Абдуқодиров, аз шумораи 32-юми ҳамин сол то 2-уми соли 1978 Мавлуда Шарипова ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» фаъолият доштанд. Аз шумораи 21-уми соли 1978 то ба имрӯз Абдуллоева Зебо Ашӯровна ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи мазкур ифои вазифа мекунад. Зебо Абдуллоева - соли 1973 шуъбаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (ҳоло ДДМТ) хатм намуда, то соли 1976 дар рӯзномаи «Машъали коммунизм»-и шаҳри Конибодом кор карда, баъдтар бо сабаби оилавӣ с.1976 ба китобхонаи ДДОЛ ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуҷанд ба кор дохил мешавад. Сипас, соли 1978 ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» таъин мегардад ва то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.
Дар ин давра мақолаву хабарҳоро бо забони русӣ профессор Александр Зиновевич Дун, сармуаллима Эльза Гавриловна Цой ва Дима Ротенштейн омода менамуданд. Онҳо ҳамчун кормандони идораи рӯзнома фаъолият мебурданд. Суратгирҳо дар ин солҳо С. Ҳакимов, О.Яҳёев, Игор Мазур, М.Бобоҷонов ва Самад Fанӣ буданд.
Рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» («Педагогическое мастерство») таҳти рақами 64 аз 12.03.1991 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд. Баъдтар баъди донишкада ба донишгоҳ табдил ёфтан рӯзнома бо унвони нав «Нури маърифат» санаи 28.05.1992 сол таҳти рақами 200 аз нав ба қайд гирифта шуд.
Дар он солҳо нашрия таҳти назари Кумитаи ҳизби коммунистии донишкада ба нашр расонида мешуд. Рӯзномаи «Нури маърифат» дар ин давра дар ҳаҷми 4 саҳифа бо теъдоди 2 ҳазор нусха, ба андозаи А2, ҳар ҳафта ба нашр мерасид.
Аз моҳи октябри соли 2002 замимаи рӯзнома бо номи «Паёми донишҷӯ» бо ташаббуси шуъбаи журналистика то соли 2015 нашр гардид.
Аз солҳои 2000-ум то ба имрӯз рӯзнома дар давоми фаъолияташ ҳамчун мактаби рӯзноманигорӣ барои бисёр мутахассисони соҳаи ВАО, аз ҷумла матбуот ва адабиёт роҳ кушод. Хабарнигорон имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ соҳиби обрӯву эътибор гардида, аз устодони соҳибмактаб ҳастанд. Мухбирони фаъоли рӯзнома; Ҷ.Латифов, А.Очилов, С.Эркаев, Н.Нуров, С.Саидов, Ш.Тоҷибоев, аз донишҷӯён Мамнури МЭЛС, Маҳбуб Нуров, Фарзонаи Собирҷон, Шоҳини Зарафшонӣ, Меҳрангези Акрамалӣ, Фархундаи Фурқатдухт ва чанде дигарон буданд.
Солҳои 2000-ум якчанд ҷавонони соҳибқалам ба рӯзнома ҳамчун кормандони штатӣ ба кор ҷалб шуданд. Аз ҷумла Нуралӣ Нуров, Баҳром Мирсаидов, Бахтиёр Файзуллоев, Сурайё Ҳакимова, Фирӯз Ҷумъаев, Ӯғулой Қоситова буданд.
Дар нашрияи «Нури маърифат» мавзуъҳои мухталиф, махсусан, дохилидонишгоҳӣ дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводҳои пурмуҳтаво, аз ҷумла хабар, ҳисобот, мақола, сармақола, мусоҳиба ва монанди инҳотаҳия ва нашр мегарданд, ки онҳо дар бастаҳои алоҳида нигоҳ дошта шудаанд. Рӯзнома воқеан минбари озоди розу ниёзи устодону муҳассилини донишгоҳ гардидааст.
Боиси зикр аст, ки соли 2014 Муассисаи давлатии Маҷаллаи илмии “Номаи донишгоҳ”-и МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таъсис ёфт ва рӯзномаи “Нури маърифат” низ шомили он гардид. Рӯзнома таҳти рақами 0347//Р3 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав номнавис гардид. Шумораи рӯзномаи мазкур аз 2000 ба 12000 нусха расонида шуда, дар матбаа ба таври офсетӣ нашр мегардад. Давоми ин солҳо рӯзномаи “Нури маърифат” фаъолияти пурсамари худро, таҳти назари ректори донишгоҳ, ноибректорону Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ бо ҳамкории факултетҳову созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ба роҳ монда истодааст.
Ҳайати таҳририяи рӯзнома дар асоси нақшаи алоҳида, ки дар оғози сол тасдиқ карда шудааст, кӯшиш менамоянд, ки дастовардҳои таълимиву тарбиявӣ ва илмии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯёни донишгоҳро инъикос намоянд. Дар ҳар як шумора оид ба натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои олимону раёсати донишгоҳ, чорабиниҳои гуногун, маҳфилҳои факултетҳо, фаъолияти Шӯрои бонувон, Шӯрои собиқадорон, вазъи зиндагиву омӯзиши донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда навигариҳои ҳаёти донишгоҳ ва монанди инҳо сухан меравад.
Ҳамин тавр, рӯзномаи «Нури маърифат» дар роҳи боло бардоштани илму маърифат, пешбурди таълиму тарбия дар донишгоҳ, талқини ғояҳои олии инсонӣ, дастгирии низоми сиёсии ҷомеа дастёри раёсат ва ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ мебошад. Рӯзнома ҳоло дар сохтори Муассисаи давлатии маҷаллаи илмии «Номаи донишгоҳ» фаъолият бурда, моҳе 2 маротиба бо теъдоди беш аз 12 ҳазор нусха дар ҳаҷми 4 саҳифа нашр мешавад.
Метавон умед баст, ки рӯзномаи “Нури маърифат” барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва пурра намудани фазои иттилоотии донишгоҳ солҳои сол хидмат хоҳад намуд.