Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки яке аз кӯҳантарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад аз оғози фаъолияти худ, ки он нахуст чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти Олии Педагогии шаҳри Ленинобод) (1932) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро гирифт ва соли 1991 ба мақоми Донишгоҳ соҳиб гардидааст.
Донишкадаи педагогии Ленинобод иборат аз ду шуъба – кимиёву биология ва физикаю риёзӣ буда, дар он 26 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд. Дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, номи донишкада маъмулан ба забони русӣ ба шакли ихтисоршудаи ВПИ оварда мешавад ва дар таълифоти таърихӣ ду навъ ташреҳ шудааст: Донишкадаи олии омўзгорӣ (Высший педагогический институт) ва Донишкадаи шабонаи омўзгорӣ (Вечерний педагогический институт). Дар даврони шуравӣ бо номи Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ДДОЛ), ягона мактаби таҳсилоти олии вилояти Ленинобод фаъолият мекард. Бо фармони Раёсати Шўрои Олии ИҶШС аз таърихи 9 сентябри соли 1982 ДДОЛ ба номи С.М. Киров барои саҳми арзанда дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ, илм, тарбия ба муносибати 50-солагии таъсиси он бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.
Дигаргуниҳои куллӣ баъд аз эълон гардидани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров омил ва заминаҳои асосии табдили донишкада ба донишгоҳро фароҳам овардааст. Фармони Президент Қаҳҳор Маҳкамов аз 13 июни соли 1991 дар бораи табдил додани Донишкадаи давлатии омўзгории Хуҷанд ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо хушнудӣ ва қаноатмандии бузург аз ҷониби ҷомеаи устодону донишҷўёни донишгоҳ, сокинони Хуҷанд ва тамоми мардуми вилоят пазируфта шудааст. 26 апрели соли 1997 қарори Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба тасвиб расидааст. 30 апрели соли 1997 ҷашни 65-солагии ДДХ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардидааст. Сарвари давлат дар суханронии худ, аз ҷумла чунин қайд намудаанд: «Як сол қабл аз ин ҳангоми мулоқоти мо бо зиёиёни вилоят, ки дар толори ҳамин донишгоҳ сурат гирифта буд, пешниҳод шуда буд, ки ба донишгоҳ номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад. Хушбахтона, имрўз ин нияти хайр ҷомаи амал пўшид. Ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шудани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маънои басо рамзӣ дорад. Ин марди фозилу донишманд ва сиёсатмадори дурандеш дар роҳи ба оламиён муаррифӣ намудани тамаддун, таърих ва илму фарҳанги тоҷикон хизматҳои бузурги пурарзишро анҷом додааст… Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи Бобоҷон Ғафуров аз як тараф, маънои гиромидошти хотираи ўро дошта бошад, аз ҷониби дигар ба он умедест, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат давомдиҳанда ва номбардори сазовори кору зиндагии ин шахсияти барҷастаи миллатамон мешаванд ва барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони воҳид ва ягонаамон содиқона хизмат мекунанд».
Дар соли 1998 дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров 14 факулта амал карда, 11 ҳазор нафар донишҷўён таҳсил менамуданд. Дар 63 кафедраҳои донишгоҳ 700 нафар устодон, аз ҷумла 24 нафар докторони илм ва қариб 200 нафар номзадҳои илм бо кори таълиму тарбия ва тадқиқоти илмӣ машғул буданд. Дар донишгоҳ 33 кабинети таълимӣ, 43 озмоишгоҳ, 4 устохонаи таълимӣ, 2 толори варзишӣ, осорхонаи таърихи донишгоҳ, осорхонаи олами набототу ҳайвонот ва ғайра амал мекарданд. Дар фосилаи солҳои 1995-2000 67 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 11 нафар рисолаҳои доктории худро ҳимоя намуданд. Дар соли 2011 дар ДДХ аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр мекарданд. Теъдоди донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи донишгоҳ зиёда аз 12000 нафарро ташкил мекард.
Донишгоҳ бо номи академикҳо, олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ситорашиноси номӣ Пӯлод Бобоҷонов, адабиётшиноси номвар Носирҷон Салимӣ, муаррихи мумтоз Нӯъмон Неъматов, табиатшиноси маъруф Юсуф Носиров, донишмандони машҳур Сайдулло Абдуллоев, Раззоқ Ғаффоров, нахустин доктори илмҳои фалсафа дар Осиёи Миёна Мунзифа Ғаффорова, муаррихи шинохта Ғафур Ҳайдаров, олим ва адиби номӣ Атахон Сайфуллоев, ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рифъат Ҳоҷиев, Ибодат Раҳимова, генералҳо Қодир Ҳобилов, Абдураззоқ Юсупов, Темурҷон Раҳимбоев, дипломатҳо Абдулаким Қаюмов, Ислом Ёқубов, Низомиддин Зоҳидов, шоирону нависандагони варзидаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Фарзона, Баҳром Фирӯз, Ҳунармандони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Зебо Аминзода, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Рассоми халқии ИҶШС Зулфия Баҳриддинова ва даҳҳо дигарон ифтихор дорад, ки дар донишгоҳ парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас қадам ба қуллаҳои баланди илму эҷод ва шӯҳрату эҳтиром расидаанд ва бузургу соҳибном гаштаанд.
Ин шахсиятҳои нодиру нотакрор бо бузургиву азамати ҳунар, истеъдоди фитрӣ ва хизматҳои шоиста дар роҳи ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз на танҳо мояи ифтихори донишгоҳи мо, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён гаштаанд. Рӯзгор ва корномаи ин фидокорони илму фарҳанг намунаи ибрат ва сабақи омӯзанда барои наслҳои имрӯзу фардо аст. Зеро дар вусъати рӯзгори ҳар як аз ин дастпарварони шӯҳратёри донишгоҳ дунёи пур аз кору пайкор, ҷустуҷӯву талошҳо ва фидокориву субот дар ҷодаи рушду камолоти маънавӣ, одамият, падидаи мардонагӣ, шуҷоат, покизагӣ ва ҳусни нияту ахлоқ ва мунтаҳо ҳикмату румузи зиндагӣ ғунҷоиш ёфтааст, ки огоҳӣ аз он ҳар шахси солимақлу боидрокро ба роҳи ростӣ, растагорӣ ҳидоят карда, муҳаббати ӯро ба илму дониш, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва ба марзу буми ин сарзамини поку муқаддас ва мардхезу фарҳангпарвар афзун мегардонад.
Дар радифи ин бузургон метавон садҳо устодони зиёдеро ном гирифт, ки бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмию таълимии хеш номи донишгоҳро машҳур сохтаанд. Мо имрӯз бо арзи сипос ва ифтихор номи собиқ сарварони донишгоҳ Муҳаммадҷон Шарипов - солҳои 1932-1934, Ӯғулой Шамсиддинова - солҳои 1934-1935, Юсуф Эшонов - солҳои 1935-1936, Ҳабибулло Неъматуллоев - солҳои 1937-1938, Лев Ефимович Месенжников - солҳои 1938-1942, Чикорин К.В. - солҳои 1942-1944, Мақсудҷон Мирмуллоев - солҳои 1944-1946, Саид Холматов - солҳои 1946-1951, Раҳмат Ҳомидов - солҳои 1951-1959, Пӯлод Ҳамроқулов - солҳои 1959-1965, Карим Иброҳимов - солҳои 1965 – 1970, Абдусаттор Қобилов - солҳои 1970 – 1973, Саттор Қайюмов - солҳои 1973 – 1986, Саидмуҳаммад Каримов - солҳои 1986 -1994, Абдувоҳид Розиқов - солҳои 1994 -1995, Сайдулло Абдуллоев - солҳои 1995 – 2001, Носир Салимов - солҳои 2001 - 2010, Низомиддин Зоҳидов - соли 2010, Ваҳҳоб Набиев - солҳои 2010 - 2012, Ғафур Усмонов - 2012 - 2014, Анвар Мақсудов - 2014 - 2017, ноибректорон Р. Абдуллоев, А.Сатторов, Муҳаммад Осимӣ, Қ.Тоҳирова, В.С.Куприянов, Т.Мақсудов, А. Турсунов, Ҳ.Очилов, Б. Ҳоҷибоева, С.Ҳомидов, В.Ионова, Ҳ. Саидов, А. Абдуқодиров, нахустустодони собиқадор Б.М. Комаров, А.А.Дибров, Ф.Абдуллозода, А.П.Писарев, А.Т. Земляков, А.Мирпочоев ва даҳҳо дигаронро бо эҳтиром ба забон мегирем, ки дар бунёд, рушду нумӯ ва шӯҳрати донишгоҳ хизматҳои шоиста намудаанд.
Даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, рӯҳу равони тоза ва нерӯю тавони нав дар таърихи инкишофи донишгоҳ гардид. Ба мақоми донишгоҳ сазовор гардидани ДДОЛ ба номи С.М.Киров дар соли 1991 марҳилаи сифатан нав дар ҳаёти он гашта, самту доира ва фаъолияти ин маркази илмиву таълимӣ вусъат ёфт, талабот ба раванди таълиму тарбия, илм куллан дигаргун гашт. Дар сохтори донишгоҳ тағйиротҳо ва навгониҳои ҷиддӣ ба амал омада, факултетҳо ва кафедраҳо, равияву ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд. Аз ҷумла донишгоҳ ба тайёр намудани табибон, иқтисоддонҳо, рӯзноманигорон, шарқшиносон, мутахассисони соҳаи технологияи компутерӣ, менеҷмент, молия, бонк ва ғайра шурӯъ намуд. Дар фаъолияти донишгоҳ тайёр кардани мутахассисони илмӣ – омӯзгории соҳибунвон мақоми афзалиятнок касб намуда, соли 1996 бори нахуст дар таърихи донишгоҳ ду Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои «Таърихи Ватан», «Забон ва адабиёти тоҷик», сипас аз рӯи ихтисосҳои «Физикаи ҷисмҳои сахт» ва «Педагогикаи умумӣ» ба фаъолият оғоз намуданд.
Ташрифу мулоқотҳои чандинкаратаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳи мо аз таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати кишвар ба ҷомеаи устодону донишҷӯён, мактаби олӣ ва умуман аҳли илму маърифат дарак медиҳад. Ҷавобан ба ин ғамхорӣ чун нишони қадршиносӣ, эҳтироми самимӣ ва барои хизматҳои бузургашон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дониста шуданд.
Дар даврони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва Ҳукумати вилоят корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар донишгоҳ хеле вусъат ёфт. Аз ҷумла бунёди маҷмааи зебо ва бузурги варзишии «Хуррамшаҳр», ба истифода додани бинои нави таълимии донишгоҳ ва бинои истиқоматии нӯҳошёнаи дорои 52 ҳуҷра барои устодони донишгоҳро аз файзи истиқлол метавон ном бурд. Имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз лиҳози пояи моддӣ – техникӣ, таълимӣ, иқтидори илмиву зеҳнӣ ва теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорон пас аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дуюмин муассисаи бузурги олии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар донишгоҳ Барномаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз тариқи магистратура, аспирантура ва докторантура амал мекунад ва ҳамасола мутобиқи он шумораи зиёди аспирантону докторантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя менамоянд.
Феълан донишгоҳ барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон, таҳсил ва маълумоти бисёрзинагӣ, аз ҷумла бакалавр, магистр, мутахассис кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вусъати таълиму тарбия, илм дар донишгоҳ, афзудани самту равияи ихтисосҳо ва васеъ гардидани доираи фаъолияти факултетҳоро метавон натиҷаи амали самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ муаррифӣ намуд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ имрӯз ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ назар андохта, фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва лаёқатманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона кардаанд.
Мутмаин бар онем, ки ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳи мо дар радифи дигар макотиби олии кишвар он рисолати муқаддаси хешро, ки бар дӯш доранд, бо шоистагӣ, сарбаландӣ, азму ғайрат, ҳисси масъулият ва дарку эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба субут мерасонанд.