Маҳфили умумидонишгоҳии “Ҳунарманд”
Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иқдоми кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ маҳфили “Ҳунарманд” доир гардид.
Нишасти навбатии маҳфил ба мавзуи “Нақшу нигори миллӣ ва истифодаи он дар навъи маснуотҳои гулдӯзӣ” бахшида шуд.
Дотсент Рӯзиева Мавлуда доир ба таърихи инкишофи кашидадӯзии халқи тоҷик маълумот дод.
Дар маҳфил намунаи маҳсули ҳунари дастии донишҷӯён, ба монанди кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ бо риштаҳои гуногунранги абрешимӣ намоиш дода шуд.
Маркази иттиллоот ва таҳлил