​Таваҷҷуҳ ба таҳкими сифат ва муҳтавои дарсҳои кушод

Танҳо давоми ҳамин рӯз аз ҷониби аъзои Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавони донишгоҳ ду дарси кушод доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот иттилоъ доданд.

Муаллими кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Нуридинова Нилуфар аз фанни грамматикаи забони чинӣ ва муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Мамадова Дилором аз фанни таърихи химия дарси кушод гузарониданд.

Дарси якум дар факултети забонҳои шарқ ва дарси дуюм дар факултети биология ва химия сурат гирифта, дар он садорат ва устодони факултет иштирок намуданд.

Дар доираи дарс роҳҳои ҳавасманд намудани донишҷӯён тавассути методҳои тадқиқотӣ, бозиҳои мантиқӣ, мусобиқаву ангезиши зеҳнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ сифати дарсро таъмин намуд.

Маврид ба таъкид аст, ки бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷиҳати таҳкими сифати дарсҳои кушод таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, феълан дарсҳои кушоди онлайнӣ низ вусъати тоза касб доранд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимии мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ