​Ҷавонон ва терроризм: Назари психологӣ ва хавфу хатари он

Перомуни ин мавзуъ дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ мизи мудаввар доир шуд.

Декани факултет Шарифиён Муқаддас доир ба сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ибрози назар намуда, муҳтавои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025»-ро шарҳ дод.

Дотсент Зайтметов Ҳусейн ҷанбаҳои психологии масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, таъкид дошт, ки ифротгароӣ – экстремизм ва тундгароӣ- радикализм зуҳуроти номатлуби ҷомеа маҳсуб ёфта, боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегардад.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ