Шӯрои бонувону духтарони Донишгоҳ чун яке аз сохторҳои ҷамъиятӣ дар ташаккул ва такомули шахсияти занону духтарон саҳми муносиб дорад. Ин сохтор таҳти роҳбарии раёсати Донишгоҳ сиёсати далатиро оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила татбиқ намуда, барои кӯмак ҳамаҷониба дар баланд бардоштани моқоми иҷтимоии занону духтарон дар ҷамъият, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таъмини баробарии гендерӣ, боло бардоштани фаъолияти меҳнатӣ, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мусоидат мекунад.
Боиси қайд аст, ки ҳанӯз солҳои сипаригашта бо ташаббуси шӯрои занону духтарон ва дастгирии раёсати Донишгоҳ маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» ташкил карда шуда, он тибқи нақша фаъолияти худро барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занону бонувон дар ҷомеа, тарбияи намудани ҷавондухтарон ба рӯзғордорӣ, пешгирии низоъҳои оилавӣ ва роҳҳои бартарафсозии муаммоҳои оиладорӣ дар байни ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯён идома ёфта истодааст.
Барои фаро гирифтани донишҷӯён ба корҳои беруназсинфӣ маҳфилҳои фаннӣ дар факултетҳо, аз ҷумла маҳфилҳои «Кашидадӯзӣ», «Кешбофӣ» дар факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология ва филологияи тоҷик ташкил карда шудааст. Чунин маҳфилҳои омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва дизайни муосир дар назди шуъбаи тарбия таҳти унвонҳои “Сеҳри сӯзан” ва “Дастони моҳир” таъсис ёфта, дар хобгоҳҳои №1, 2 ва 3 амал мекунанд.