Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳо
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо масъалаҳои ба роҳ мондан ва густариш додани шаклҳои гуногуни ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, сафоратхонаҳо ва муассисаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мусоидат намудан барои таҳсил ва бақайдгирии донишҷӯёне, ки аз хориҷаи дуру наздик дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд, машғул аст. Дар Донишгоҳ аз ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ, Афғонистон, Туркия донишҷӯёну магистрон ва унвонҷӯён таҳсил менамоянд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо донишгоҳҳои хориҷи дуру наздик шартнома бастааст, аз ҷумла бо Донишгоҳи аграрии Пекин (Хитой), Донишгоҳи педагогии Синтзян (Хитой), Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи Москва (Русия), Донишгоҳи давлатии миллии радиоэлектронии Харков (Украина), Донишгоҳи давлатии Ош (ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Боткент (ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи ба номи Неру (Ҳиндустон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи Гумболд (Олмон), Донишгоҳи Салоников (Юнон), Маркази илмӣ-таҳқиқотии Юлих (Олмон), Донишгоҳи давлатии Қазон (Русия), Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исоқ Раззоқов (Қирғизистон), Донишгоҳи Даугавпилси Латвия (Латвия), Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славиянӣ) (Тоҷикистон), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (Тоҷикистон).
Ҳамчунин донишгоҳ бо Шӯъбаи робитаҳои ҷамъиятии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, фонди Оғохон, Сафоратхона ва ройзании фарҳангии ҷумҳурии Исломии Эрон, Сафорати ҷумҳурии Федеративии Олмон, Сафорати Федератсияи Русия, Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий ва Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Русия, ташкилотҳои байналхалқии сершумор, аз ҷумла хазинаҳои «Оғохон», ташкилотҳои байналхалқии ACCELS, IREX, DAAD, GIZ, ACTED, UNESCO, EUROASIA ва ғайраҳо робитаҳо барқарор намудааст.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба воситаи ҳамкорӣ бо сафоратҳову ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастрас намудани иттилооти зарурӣ оид ба барномаҳову озмунҳо ба устодону донишҷӯён ёрии амалии худро мерасонад. Дар солҳои охир сафи профессорону омӯзгорон, аспирантон, коромӯз-муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёни факултаҳое, ки аз рӯи озмунҳои мухталиф барои таҷрибаомӯзӣ, идомаи таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ё иштирок дар ягон чорабинии байналхалқӣ, аз ҷумла конфронсу симпозиум ва фестивалҳо ба кишварҳои хориҷии дуру наздик сафар менамоянд, торафт меафзояд ва фаъолиятнокии академӣ ривоӣ меёбад.