Китобхонаи марказии донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷузъи таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, таърихи 85 сола дорад.

Аз соли таъсисёбӣ инҷониб вазифаи директори китобхонаи донишгоҳро як зумра олимон ва кадрҳои болаёқат, аз қабили Иброҳимова (1932-1933), Холматова (1933-1937), Панибратова А.Е. (1937-1953), Назаров Қ.Қ. (1953-1957), А. Хўҷаев (1957-1960), Ҳоҷибоев (1960-1963), Негматов Д.Н. (1963-1965), Назарова С.Я. (1965-1967), Юлдошев Ю.Б. (1967-1970), Латипов А.А. (1970-1971), Ғаффоров А.Ҷ. (1971-1976), Поленова М.Ф. (1977-1986), Юсупов А.Ю. (1986-1994, Турсунов А.Т.) (1994-1995), Раҳмонова З.Ш. (1995-2002), номзади илмҳои ҷуғрофия, дотсент Турдибой Турдиев (2002-2012), номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалим Зойиров (2012-2017) номзади илмҳои филология дотсент, Садриддин Мирзоев 2017, номзади илмҳои филология, дотсент Ромиз Абдуллоев (11.2017-08.2018) ба ўҳда доштаанд. Ин вазифаи пурмасъулро аз моҳи августи соли 2018 инҷониб номзади илмҳои филология, дотсент Дилбар Самадова ба зимма дошта, дар пешрафти кори он хизмат менамояд.

Китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи корӣ ва нақшаи шӯрои таълимию методии худ ва аз рӯи нишондоду фармоиш ва қарорҳои Раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ фаъолият менамояд. Вазифаи китобхонаи марказӣ бо китобҳои дарсӣ, манобеи илмӣ ва бадеӣ таъмин намудани устодон ва шогирдони донишгоҳ аст. Аз ин нигоҳ, садорати китобхона ва кулли кормандон пайваста ҷиҳати адои ин вазифаву мақсад ва амалӣ сохтани сиёсати пешанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адои фармоишу супоришоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҷиҳати адои мақсади мазкур айни ҳол дар китобхонаи марказӣ 4 шуъба ва 5 зершуъба фаъолият мекунанд:

- Шуъбаи хизматрасонӣ ва махзани асарҳо;
- Шуъбаи толори хониш ва матбуоти даврӣ.
- Зершуъба дар факултети филологияи тоҷик;
- Зершуъба дар факултети забонҳои шарқ;
- Зершуъба дар факултети забонҳои хориҷӣ;
- Зершуъба дар хобгоҳи №2;
- Зершуъба воқеъ дар хобгоҳи №3;
- Шуъбаи пурракунӣ;
- Синфхонаи компутерӣ.
Афзун бар ин, бо дастгирии Раёсати донишгоҳ барномаи картотекаи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки айни ҳол кормандони китобхонаи электронӣ рўйхати ҳамаи ин китобҳое ки ба барнома ворид карда шудааст, аз рўи соҳаҳо ба хотираи компутар ворид карда истодаанд. Айни ҳол феҳристи китобҳои мавҷуда дар ин шуъба 82 520 ададро ташкил медиҳад. Ин амал боис мегардад, ки ҳар як нафар корманди шуъбаи хизматрасонӣ китобҳои мавҷудаи бахши хешро ба танзим дароварда, онро тибқи талабот аз рӯи ҳуруфи алифбоӣ ва мавзӯъот дар рафҳо гузошта, дар сурати дархости хонандагон дар фурсати кӯтоҳтарин дастрас намояд ва ҷиҳати ҷалби хонандагон дар хусуси ҳар як китоби бахши худ маълумоти кӯтоҳ дода тавонад. Афзун бар ин, ҳар як хонанда худ метавонад тавассути феҳристи электронӣ китобҳои лозимаи худро интихоб намояд ва дар фурсати кӯтоҳтарин онро аз хазина бигирад. ҷиҳати адои ин амал дар вурудгоҳи китобхонаи марказӣ як компутер гузошта шудааст, ки кори хонандагонро осон месозад. Ин амал ба хонанда имкон медиҳад, ки ба китобхона наомада, ба воситаи интернет адабиёти лозимаро фармоиш диҳад. Ҳамчунин ба кормандони китобхона низ барои боз ҳам беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Сатҳи хизматрасонӣ дар шуъбаи толори хониш низ торафт беҳтар ба роҳ монда шудааст. Сафи хонандагони ин шуъба ва зершуъбаҳои он ба маротиб афзун гардида, кормандони шуъба ва зершуъбаҳои толори хониш ному насаб, китоби гирифта ва замони истифоданамудаи хонандаи хешро дар дафтари махсус қайд намуданд, ки солҳои пеш ба қайд гирифта намешуданд. Аз вазъи хизматрасонӣ ва ташрифоварии хонандагон маълум мешавад, ки теъдоди хонандагони толори хониш пайваста зиёд мегарданд.

Дар китобхонаи марказӣ маҳфили илмӣ бо номи «Осори мондагор» амал мекунад, ки дар оғози ҳар як нишасти ин маҳфил намоиш ва муаррифии китобҳои тозанашр ва тозаворид ташкил карда шуда, перомуни қисмати зиёди ин китобҳо ба хонандагон ва иштирокдорон маълумот пешниҳод мегардад. Садорати китобхона бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашну маросимҳо пайваста чорабиниҳо доир менамояд.

Шуъбаи хизматрасонӣ ва махзани асарҳо шуъбаи калонтарини китобхонаи марказӣ ба шумор рафта, айни ҳол дар ин шуъба 350 476 адад китобҳо нигоҳдорӣ шуда, тибқи дархост пешкаши хонандагон карда мешавад. Теъдоди умумии хонандагони шуъбаи мазкур алҳол бештар аз 7000 нафарро ташкил медиҳанд. Албатта ин шумора кам аст ва кормандони шуъба барои боз ҳам бештар кардани сафи хонандагон кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар толори хониш бештар китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки бисёр нодир, ҳадявӣ ва теъдодашон кам аст. Аз ин рӯ, хонандагон метавонанд китобҳои ин шуъбаро танҳо дар зали хониш қироат намоянд. Афзун бар ин, дар ин шуъба рӯзномаю маҷаллаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нигоҳдорӣ мешавад ва хонандагон метавонанд дар зали хониш бо ахбори тозаи матбуоти даврӣ ошно гарданд.

Шуъбаи толори хониш дар се факултет– филологияи тоҷик, забонҳои шарқ, забони хориҷӣ ва ду хобгоҳ– хобгоҳҳои № 2, № 3 зершуъбаи худро дорад. Кормандони ин шуъба ва зершуъбаҳо пайваста барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи донишҷӯён ва устодон адабиёти нав воридшударо ба зершуъбаҳо сари вақт дастрас менамоянд.

Кормандони шуъбаи пурракунии адабиёт ба ҳамаи китобҳои воридгашта ва китобҳои ивазшуда се донагӣ варақа таҳия намуда, ба ҳар яке тибқи таснифоти УДК рақами махсус ва мӯҳр мегузоранд ва баробари ин ба феҳристи корӣ, феҳристи системавӣ ва феҳристи хонандагон (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбеки, англисӣ, немисӣ) онро ворид месозанд.

Бидуни корҳои мазкур кормандони ин шуъба бо шуъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо якҷоя кор мебаранд.

Дар шуъбаи китобхонаи электронӣ кулли хонандагон ба баробари истифода аз компутерҳо маводи лозимаи хешро аз интернет ба таври ройгон дастрас менамоянд.

Кормандони шуъба пайваста ба донишҷӯён барои додани китобҳои электронӣ, истифода аз феҳристи электронӣ ва дарёфти мавод аз интернет кӯмаки амалии худро мерасонанд.