​Мулоқоти судманд

Дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо профессори факултети филологияи тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон Неъматҷон Файзуллоев мулоқот сурат гирифт.

Дилбар Самадова, директори китобхона ба иштирокчиён дар бораи пайроҳаи зиндагӣ, тарҷумаи ҳол ва дастовардҳои устоди соҳибном Неъматҷон Файзуллоев маълумот дод.

Таъкид гардид, ки маҳз масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва ташаббускорӣ устод Файзуллоевро ба дастовардҳои арзанда ноил намуда, ба обрӯву эътибори хос сазовор намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои хизматҳои шоиста чанде қабл устод Неъматҷон Файзуллоев аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Директори китобхона ба ин муносибат устодро табрик гуфта, дастаи гул ва таманниёти наҷиб эҳдо намуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён бо устод Неъматҷон Файзуллоев суолу ҷавоб ва суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ