​Мизи мудаввар: Коррупсия - падидаи номатлуби иҷтимоӣ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ бо иштироки сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода мулоқот доир гардид.

Ташаббуси мазкур ба муносибати “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия” роҳандозӣ гардид.

Мизи мудавварро декани факултет Ҷабборзода Иброҳим ифтитоҳ бахшида, дар бораи ҳадафи чорабинӣ таъкид намуд.

Подполковники адлия Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ, омӯзиш ва иҷрои қонунҳо, сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирии он ва сиёсати зиддикоррупсионии давлат суханронӣ намуд.

Дар идома мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мухторзода Киромиддин доир ба хатари коррупсия ба амнияту суботи мамлакат, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат, амалигардии ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат, инчунин роҳҳои пешгирии он, қаноат кардан, пешгирии худнамоиву шӯҳратпарастӣ ва исрофкорӣ байни ҷомеа, рӯзгори хоксорона, содиқона иҷро намудани масъулияти шаҳрвандӣ, ба фарзандон аз кӯдакӣ омӯзонидани маданияти рӯзгордорӣ ва масъулияти баланди иҷрои вазифаҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида ибрози андеша намуд.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва табодули афкор анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ