​Китобхонаи илмӣ: шумораи аъзо афзоиш дорад

Теъдоди умумии аъзои Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 17340 нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш 2340 нафар зиёд аст.

Садорати китобхона ҷиҳати ҷалби бештари устодону донишҷӯён тадбирҳои заруриро анҷом дода, бо дастгирии раёсати донишгоҳ дар самти ғанӣ гардонидани махзани китобхона мунтазам иқдом мекунанд.

Танҳо давоми соли 2023 ба китобхона 4557 номгў китоб ворид гардидааст, ки 6584 ададро ташкил медињад.

Ҳамзамон, дар ин давра ба китобхона 300 адад фишурдаи рисолаҳои илмӣ ва 116 адад рисолањои илмї ворид шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки давоми сол ба махзани китобхонаи раќамї 2953 адад китобњои электронї ворид карда шуда, шумораи умумии оназ 64119 адад ба 67072 адад расонида шуд.

Дар маљмуъ, соли 2023 ба китобхона 72655 нафар ташриф оварда, 3284 нафар аъзо гардиданд, ки ба онњо 89496 адад китоб дастрас шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ