Рӯзи дарҳои кушод: Ташрифи устодон ба Китобхонаи илмии донишгоҳ
Дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ошноии устодону донишҷӯён бо китобҳои тозанашр, ки давоми соли 2023 ба махзани китобхона ворид шудаанд, Рӯзи дарҳои кушод ташкил гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси мазкур давоми як ҳафта то санаи 12 январ идома хоҳад кард.
Феълан устодони факултетҳои донишгоҳ бо навбат ба Китобхона ташриф оварда, бо номгӯи китобҳои тахассусии тозаворид шинос шуда истодаанд.
Дар доираи ин иқдом устодони факултетҳо бо китобҳои тоза ва имкониятҳои китобхона шинос шуда, ба онҳо аз ҷониби директори китобхона Дилбар Самадова тариқи муаррифинома дар мавриди қайд намудани рӯйхати китобҳо дар бастаҳои таълимӣ (силлабусҳо) маълумот манзур мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои таърихи наздик 90 сола буда, танҳо давоми соли 2023 ба фонди китобхона 7 ҳазор китоб ворид шудааст ва махзани умумии он беш аз 250 000 китобро фаро мегирад.
Маркази иттилоот ва таҳлил