Ректори донишгоҳ бо Сипосномаи КИМ ҲХДТ сарфароз гардид
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардид. Сипосномаи мазкур имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ" супорида шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки сипоснома ба роҳбари донишгоҳ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, мусоидат дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хуштаншиносӣ ва ҷалби мардум ба корҳои созандагӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ супорида шуд.
P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Исломро бо сипосномаи навбатӣ табрик гуфта, дар иҷрои рисолати касбӣ дастоварҳои навину арзишманд таманно дорем.
Маркази иттилоот ва таҳлил