Китобхонаи илмии донишгоҳ бо Ҷоизаи “Китобхонаи сол” сазовор гардид
Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022" аз рӯи номинаи “Китобхонаи сол” сазовори мақоми аввал гардид.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он таъмини рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа унвон мешавад.
Маросими ҷамъбасти озмун ҳамин ҳоло дар шаҳри Душанбе ҷараён дошта, ба Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров диплом ва ҷоизаи “Китобхонаи сол” супорида шуд.
P.s. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ роҳбарият ва ҳайати кормандони Китобхонаи илмиро ба муносибати ин дастовард самимона табрик гуфта, дар самти тарғиби китобдӯстӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар ҷомеа пирӯзиҳои тозаву навин орзу доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил