Маркази технологияҳои иттилоотӣ

Маркази технологияҳои иттилоотии донишгоҳ яке аз зерсохторҳои раёсати таълим буда, мақсад аз ташкили он ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи компутерӣ-корпоративии донишгоҳ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани асосҳои меъёрие, ки муҳити иттилоотии донишгоҳро ба танзим дароварда, алоқамандии онро бо маъмурияти шабакаи компутерӣ ва истифодабарандагони онро ба таври индивидуалӣ ва коллективӣ таъмин намудан мебошад. Вазифаҳои асосии он раҳнамоии воситаҳои системаҳои иттилоотии идоракунии донишгоҳ дар самтҳои асосӣ (таълимӣ, илмӣ, навоварӣ, маъмурӣ ва ғайра), ташкил намудани шароити мусоид барои ворид намудани технологияҳои нави иттилоотӣ ва навовариҳои педагогӣ ба самтҳои асосии фаъолиятҳои донишгоҳ, дар асоси Intrenet - технология якҷоя кардани захираҳои иттилотии донишгоҳ, таъмин намудани мубодилаи иттилоот бо истифодабарандагони шабакаҳои компутерӣ ва ғайра мебошад. Самти дигари фаъолияти МТИ таъминоти барномаҳои кросплатформавӣ, мизоҷ – серверӣ ё бо ибораи дигар сомонаҳои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки натиҷаҳои асосии кори МТИ-ро дар назди истифодабарандагон инъикос менамояд. Номгӯи сомонаҳои донишгоҳ дар сайти ksu.tj ҷамъ оварда шудааст. Дар раванди таълими донишгоҳ чандин навгониҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар густариши системаи таълиму тадрис ва таҳкими бештари ин самти фаъолият нақши муассир доранд.

Маркази технологияҳои иттилоотии донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси низомнома ва нақшаи кории солона ба роҳ мондааст. Донишгоҳ дорои шабакаи компутерии корпоративӣ (ШКК) мебошад, ки дар минтақа ва байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ калонтарин ба ҳисоб меравад. ШКК донишгоҳ аз шабакаи нақлиётӣ ё магистралӣ ва шабакаҳои компутерии алоҳидаи биноҳои таълимӣ, шабакаи компутерии факултетҳо ва раёсати донишгоҳ иборат мебошад. Шабакаи нақлиётӣ ё магистралӣ, байни биноҳои таълимӣ ва раёсати донишгоҳ паҳн шудааст, ки дар маҷмӯъ 10 биноҳоро дарбар мегирад ва 12 км хатҳои алоқаи оптикиро ташкил мекунад. Суръати кори шабакаи нақлиёти ё магистралӣ дар дохили донишгоҳ ба 1000 Мбит/с баробар мебошад. Шабакаи нақлиётӣ бо 17 адад коммутаторҳои дараҷаи дуюми шабакавӣ, ки идорашаванда мебошанд таъмин мебошад. Боқимонда хатҳои алоқа дохили биноҳои таълимӣ ва раёсат ба ҳисоб меравад, ки дар аксари нуқтаҳо 100Мбит/с-ро ташкил мекунад. Бо мақсади таъмини интернет барои пайваст шудан ба шабакаҳои байналмиллалӣ Proxy сервер хизмат мерасонад. Тавассути ин сервер истифодабарандагон ба шабакаи интернет пайваст мешаванд.


Суръати интернет барои сомонаҳои дохили ҷумҳурӣ 100 Мб-ро ташкил медиҳад. Байни биноҳои таълимии донишгоҳ шабакаи компутерӣ пайваст карда шудааст. Баробари ин дар тамоми кафедраҳои донишгоҳ нуктаҳои иловагии корӣ бо мақсади пайваст шудан ба шабакаи дохили донишгоҳӣ ва интернет пайваст карда шуданд. Самти дигари фаъолияти МТИ таъминоти барномаҳои кросплатформавӣ, мизоҷ – серверӣ ё бо ибораи дигар сомонаҳои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки натиҷаҳои асосии кори МТИ-ро дар назди истифодабарандагон инъикос менамояд. Номгӯи сомонаҳои донишгоҳ дар сайти ksu.tj ҷамъ оварда шудааст.

Сомонаи Асосии донишгоҳ (сомонаи беруна ё иттилоотии донишгоҳ), hgu.tj;

Сомонаи Муҳити иттилоотии донишгоҳ,isu.ksu.tj;

Сомонаи Китобхонаи рақамии донишгоҳ, dlib.ksu.tj;

Сомонаи Маркази тестии донишгоҳ, mt.ksu.tj;

Сомонаи Барномаҳои компутерии донишгоҳ, prog.ksu.tj;

Сомонаи Почтаи электронии донишгоҳ, mail.ksu.tj;

Сомонаи Китобхонаи марказии донишгоҳ, lib.ksu.tj;

Сомонаи Таҳсилоти фосилавии донишгоҳ, fosila.ksu.tj.

Сомонаи гуфтугӯи аудиовизуалӣ, phone.ksu.tj.

Сомонаи форуми дохилии донишгоҳ, sn.ksu.tj.

Сомонаи коргузории донишгоҳ, korguzor.ksu.tj.

Сомонаи картотека донишгоҳ, kartoteka.ksu.tj.

Сомонаи хотираи абрии донишгоҳ, cloud.ksu.tj.

Сомонаи маълумотҳои илмии донишгоҳ, ilm.ksu.tj.

Муҳити иттилоотӣ аз қисматҳои зерин иборат мебошад.

1. Захираҳои иттилооотӣ - дорои маълумот, ахборот ва дониш, ки дар барандаҳои ахборот сатб шудааст;

2. Сохти ташкилӣ - рушди фазои иттилоотии донишгоҳ, аз он ҷумла ҷамъкунӣ, коркард, нигоҳдорӣ, паҳнкунӣ, ҷустуҷўй ва муҳофизати иттилоотро таъмин менамояд;

3. Дар асоси технологияҳои иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ба тартиб овардани муҳити иттилоотии коркунон ва донишҷўёни донишгоҳ, аз он ҷумла воситаҳои техникӣ – программавӣ ва захираҳои иттилоотӣ таъмин карда мешавад.

Системаи иттилоотии донишгоҳ бо номи “МИД” ҳамаи ҷабҳаҳои раванди таълимро дарбар мегирад. Ҳамаи категорияҳои истифодабарандагони “МИД” аз 21500 нафар зиёд мебошад.

Барномаи МИД барои аз қайди давлатӣ гузаштан ба Муассисаи миллии патенту иттилоот пешниҳод карда шуд, ки аз санаи 8-уми майи соли 2017 ба феҳрасти давлатии захираҳои иттилоотии ҶТ дохил карда шудааст.

Сомонаи китобхонаи рақамии донишгоҳ омодаи истифодабарӣ мебошад. Китобхонаи рақамии донишгоҳ 35270 адад маводҳои электрониро дарбар мегирад, ки аз руи категорияҳои гунногун ҷустуҷӯ карда дастрас намудан мумкин аст. Дар китобхонаи рақамӣ китобҳои дарсии мактаби таҳсилоти миёна низ ба пуррагӣ ҷамъ оварда шудааст. Устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо истифода аз логин ва пароли худ бе маҳдудият пурра истифода мебаранд. Барномаи маркази тестии донишгоҳ, ки барои натиҷабардории сатҳи донишандӯзии донишҷӯён хизмат мекунад, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Барномаи МТ имконияти васеи ташкил ва гузаронидани имтиҳоноти сессияи асосӣ, такрорӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаро дорад. Инчунин донишҷӯён тавассути ин барнома фарқияти академикиро низ месупоранд. Дар барнома панҷ намуди тестҳо пешбинӣ шудааст. Моҳи августи соли ҷорӣ барномасозони МТИ барои пурра мукаммал намудани барнома фаъолият намуданд. Ҳоло барномаи мазкур ва кормандони МТ бе иштироки барномасозон метавонад фаъолият баранд. Ҳамаи талаботҳое, ки барои фаъолияти МТ пешбинӣ шудааст, дар барнома инъикос шуд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки барномаи мазкурро ҳамчун як қисми мустақили МИД аз қайди давлатии маркази патенту иттилоот гузаронем.

Дар сомонаи барномаҳои компутерӣ программаҳое, ки барои истифодабарандагони донишгоҳ бисёр лозим мешаванд, аз рӯи категорияҳои гунногун гирд оварда шудааст. Сомонаи почтаи дохилии донишгоҳ бо мақсади ташкили почтаи дохилии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ насб шудааст. Бартарии почтаи дохилӣ аз он иборат аст, ки байни худ устодон метавонанд беҳдуд ва новобаста аз алоқаи интернет истифода баранд. Барномаи почтаи дохилӣ имконияти аз дигар серверҳои почтавӣ мактубҳоро қабул намояд ва ба дигар серверҳои почтавӣ мактубҳоро ирсол намояд.

Сомонаи китобхонаи марказии донишгоҳ бо мақсади автоматикунонии раванди кори кормандони китобхона сохта шудааст. Истифодабарандагони барнома фақат кормандони китобхона шуда метавонанд. Барнома дар ҳолати омодагӣ барои истифодабарӣ қарор дорад. Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои барномаи мазкур барномасозони марказ сомонаи кибобхонаи донишгоҳро такмил дода истодаанд.

Сомонаи таҳсилоти фосилавӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти МТИ ба шумор меравад. Бинобар ин МТИ ин самти фаъолияти худро аз рӯзи таъсисёбӣ мавриди омӯзиш қарор додааст. Натиҷаи фаъолият дар ин самт назаррас мебошад. Барномаи ТФ дар асоси барномаи кушоди Moodle ба роҳ монда шудааст. Тӯли ду соли охир барнома дар шабакаи интернет аз Web-сервери донишгоҳ паҳн карда мешавад. Барои пахши сомона ҳуҷраи серверӣ имконият дорад ва таъминоти барномавӣ низ месоидат мекунад. Дар мавриди зиёд шудани истифодабарандагон барои таҳсилоти фосилавӣ серверҳои алоҳида лозим мешавад.

Барномаи Moodle аз тарафи кормандони марказ мавриди омӯзиш қарор гирифта аст. Якчанд корҳои илмӣ ва тадқиқотии магистрантон ба анҷом расидааст ва якчанд дастурҳои таълимӣ аз чоп баромадааст. Соли ҷорӣ барномаи мазкур ба талаботи Вазорати маорифи ҶТ мутобиқ карда шуд. Соли аввал барои таҳсилоти фосилавӣ мусоидат карда истодааст, ки барои курсҳои якуми таҳсилоти фосилавӣ маводҳои таълимӣ ҷамъ оварда шудааст.

Самти дигари фаъолияти МТИ ташкил ва назорати кори таҷҳизотҳои мониторинги электронии назорати сифати таҳсилот мебошад. Дар донишгоҳ 550 адад камераҳои назоратӣ насб шудааст. Бештари камераҳо ба Б1, Б2 ва Б3 таълимӣ рост меояд. Боқимонда биноҳои таълимӣ қисман таҷҳизонида шудааст, дар ин самт корҳои насби камераҳо идома дорад.