​ДДХ дорои шабакаи пуриқтидори компутерии корпоративӣ мебошад

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 2632 компютер, 272 принтер, 196 тахтаи электронӣ, 439 видеопроекторҳо ва 105 дигар намуди таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин бора аз Маркази технологияҳои иттилоотӣ иттилоъ доданд.

Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ Ҷамшед Раҳимов зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои шабакаи компутерии корпоративӣ (ШКК) мебошад, ки дар минтақа ва байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ калонтарин ба ҳисоб меравад. Бино ба зикри номбурда шабакаи нақлиётӣ ё магистралӣ, байни биноҳои таълимӣ ва раёсати донишгоҳ паҳн шудааст, ки дар маҷмуъ 10 биноро дарбар мегирад ва 12 км хатҳои алоқаи оптикиро ташкил мекунад. Суръати кори шабакаи нақлиётӣ ё магистралӣ дар дохили донишгоҳ ба 1000 Мбит/с баробар мебошад. Шабакаи нақлиётӣ бо 17 адад коммутаторҳои дараҷаи дуюми шабакавӣ, ки идорашаванда мебошанд, таъмин мебошад. Боқимонда хатҳои алоқа дохили биноҳои таълимӣ ва раёсат ба ҳисоб меравад, ки дар аксари нуқтаҳо 100Мбит/с-ро ташкил мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки маҳз иқтидор ва муҷаҳҳаз будан бо базаи техникии муосир боис гашт, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бори аввал дар 30-соли таърихи соҳибистиқлолӣ Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 14 равияи илм бо ширкати 378 донишҷӯ аз 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ташкил ва гузаронида шавад.

Ба андешаи номбурда барои гузаронидани чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шароиди мусоид муҳайё гаштааст.

“Барои ба сатҳи зарурӣ гузаштани Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 4 синфхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз бо 230 компютер пайваст бо интернети баландсуръат ташкил карда шуд. Ва ин буд, ки аз ҷониби масъулин ба корҳои ташкилӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд доданд”.

Хотирнишон менамоем, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми май, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." баргузор гашт. Дар он 378 донишҷӯ аз 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар 14 равияи илм байни ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 3 мақоми ифтихориро соҳиб шуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ