​Татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки профессори Донишгоҳи Милани Италия, ҳамоҳангсози лоиҳа Клаудио Колозио, ки шарики лоиҳаи «HARMONEE»-и Барномаи ERASMUS+ ва татбиқи ин лоиҳа дар донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳамоҳангсози барнома дар донишгоҳ директори институти илмҳои ҷомеашиносӣ профессор Умеда Ғаффорова буда, қайд кард, ки мақсади таҳияи модулҳои омӯзишӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад

Дар ҷаласаи имрӯза ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом оид ба роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб, аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «HARMONEE»-и Барномаи ERASMUS+ ишораҳо карда, муҳимияти ин ҳамкориҳоро шарҳ дод.

Зикр шуд, ки донишгоҳ дар самти амалисозии лоиҳаҳо дар доираи барномаи Эразмус+ таҷрибаи калон дошта, зиёда аз 25 лоиҳаҳои барномаи мазкур амалӣ шуданд, ки барои мусоидати фаъолиятҳо дар соҳаи маориф, тайёрии касбӣ, барои ҷалби такмили ихтисос, ҳамчунин ислоҳоти маориф, таҳсилот ва кор бо ҷавонон равона карда шудааст.

Барномаи Эразмус+ муносибатҳои шарикиро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳо бо мақсади ҳалли масоили гуногуни касбӣ дастгирӣ менамояд. Дар ҷодаи амаликунии лоиҳаҳои барномаи Эразмус+ мамолики узви Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамзамон ҳамоҳангсози лоиҳа Клаудио Колозио аз лабороторияҳои факултети биология ва химияи ва геоэкология ва туризм, ки дар доираи лоиҳаи мазкур фаъолияташнро ба роҳ мондаан дидан намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ