Ташрифи ​иштирокчиёни Форуми занони Тоҷикистону Чин ба донишгоҳ

Дирӯз иштирокчиёни Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони "Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ"" ба факултети шарқи донишгоҳ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни бахши забони чинӣ ва ҷавонони боистеъдод суҳбат ороста, аз дастовардҳои Донишгоҳ воқиф гаштанд.

Роҳбарияти донишгоҳ меҳмононро ба ҳузур пазируфта, доир ба густариши равобити байналмилалӣ ибрози назар намуд.

Вохӯрии мазкур дар доираи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва дарҳои кушоди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя, ки ҳанӯз 4 январи соли 1992 барқарор гардида, Ҷумҳурии мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, рӯи кор омад, зеро тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Сипас, меҳмонон аз маркази ҳунарҳои мардумӣ, Арт-галерея ва Осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ