​Аюб Усмонзода: унвони “Профессори ифтихорӣ” муборак!

Дирӯз дар доираи баргузории конференсияи илмӣ – амалии “Академик Аҳрор Мухторов – муаррихи маъруф ва устоди соҳибмактаб” дар шаҳри Истаравшан ба ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” профессор Аюб Усмонзода бо Қарори Шурои олимон ва ҳунармандони Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан унвони “Профессори ифтихорӣ” дода шуд.

Қарори Шуро ва шаҳодатномаи “Профессори ифтихорӣ” аз ҷониби Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода супорида шуд.

Гуфта мешавад, ки унвони мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, саҳми донишгоҳ дар тарбияи мутахассисони баландихтисос, кӯмак ва ҳамкорӣ дар самти ёрии методӣ-таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва ҳамкории устодони донишгоҳ бо коллеҷ ба сифати омӯзгорони муштараквазифа ба сарвари донишгоҳ муносиб дониста шуд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ шарафёб гаштани ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба унвони "Профессори ифтихорӣ"-и Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшанро табрик гуфта, дар фаъолияти меҳнатӣ тавфиқи пайвастаро таманно менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ