​Устодони донишгоҳ соҳиби гувоҳномаи курси “Мактаби сарварӣ” гардиданд

Чанде аз устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров курси “Мактаби сарварӣ”-ро муваффақона хатм намуда, соҳиби гувоҳнома гардиданд.

Курси мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 тариқи сайёр ба роҳ монда шуд.

Маросими ҷамъбастии курси мазкур дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифта, дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода иштирок намуданд.

Ҳамзамон, озмуни даври вилоятии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ" ҷамъбаст шуд.

Ғолибони озмун ва хатмкунандагони курс бо Сипоснома, Гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ