​Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ: “Муаммоҳои муосири математика ва таълими он”

Имрӯз, санаи 21-уми июни соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои муосири математика ва таълими он” доир гардид. Конференсияи мазкур ба муносибати 35 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 70-солагии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Тухталиев Қамариддин баргузор шуд.

Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки кору фаъолият кардани яке аз муҳаққиқони барҷастаи соҳаи математика, олими номдор ва шинохта, доктори илмҳои математика, профессор Тӯхталиев Қамариддин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров худ як фоли нек аст.
Таъкид шуд, ки устод Тӯхталиев Қамариддин давоми фаъолияти пурсамар дар самти илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ корҳои арзандаеро ба анҷом расонида, дар ин замина як фазои хуби рушди илмҳои математикаро фароҳам овардаанд.
“Яке аз ташаббусҳои асосии Қамариддин Тӯхталиев омодаву чоп кардани китобҳои дарсӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад” – афзуд ректори донишгоҳ.
Саҳми устод Тӯхталиев Қамариддин дар тайёр кардани мутахассисони ҳирфаӣ, мусоидат ба таъмини рушди раванди илм дар донишгоҳ ва дастовардҳои мавсуф зимни иҷрои рисолати касбӣ дар суханронии профессор Аюб Усмонзода зикр шуданд.
Кори конференсия бо ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмии олимону муҳаққиқон идома ёфт.
Дар мавзуи “Тақрибии функсияҳои аналитикӣ дар фазои Бергман” академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Шаҳбоз Мирганд, оид ба “Трансформатсияи дучанд Лаплас-Карсон ва татбиқи он” академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илолов Мамадшо, перомуни “Формулаҳои оптималӣ барои наздиккунии функсияҳои хаттӣ” доктори илмҳои физикаю математикаи Институти математикаи ба номи В.И. Рамановски Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шодиметов Халматвой, доир ба “Умумкунии масъалаи сегонаи Голдбах бо шартҳои қариб баробар” академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Рахманов Зарулло, таҳти унвони “Дар бораи рафтори халли масъалаи параболики дучандон ғайрихатӣ бо шартҳои сарчашма ва абсорбсионии зичии тағйирёбанда” доктори илмҳои физикаю математикаи Донишгоҳи милии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек Мирсаид Орипов маърӯзаҳо ироа карданд.
Ҳамзамон, дар идома перомуни мавзуъҳои “Формулаҳои оптималии квадратура дар фазои Соболев ва истифодаи онҳо барои аз нав сохтани тасвирҳои томографияи хисоббарор”, “Матритсаи умумии гардиш ва алгоритми коркарди зуди он”, “Халли муодилаи ғайрихаттии Хаммерштейн бо ядрои таназзулшуда бо истифода аз барномаи Maple, “Сохтор ва позитивӣ нигоҳ доштани усули унсурҳои ниҳоӣ танзими часпак”, “Мухтасар аз таърихи илмҳои риёзии олами ислом”, “Баъзе масъалаҳои мубрами таълими математика”, “Тақсимкунии миёнаи квадратии функсияҳо дар тамоми меҳвар ба вазни Чебшева –Эрмита аз рӯи полиномҳои алгебрӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар маҷмуъ, дар доираи конференсия 14 маърӯза манзур гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

P.S. Маводи мазкур дар доираи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси web-рӯзноманигорӣ таҳия шудааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ