Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ. Интиҳои қарни ХХ ва оғози асри ХХI барои миллати тоҷик марҳилаи сарнавиштсоз гардида, кишвари мо бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатии хешросоҳиб шуд. Мурур ба рӯйдодҳои охири солҳои 70-ум – миёнаи солҳои 80-уми Иттиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғоявию маънавӣ дучор гардид. Коршисонон ва муаррихон ин тағйирот ва зуҳури бӯҳронро ба раванди сиёсие пайванд медиҳанд, ки бо номи бозсозӣ ё азнавсозӣ маъруф аст.
Сарвари Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ М. С. Горбачёв моҳи апрели соли 1985 сиёсати бозсозӣ, яъне, аз бӯҳрон баровардани ИҶШС-ро эълон намуд. Аммо ин раванди сиёсӣ бо фоҷиа – пош хӯрдани давлати абардқудрати шӯравӣ ба поён расид. Воқеаҳои моҳи августи соли 1991-таъсиси Комиссияи давлатии вазъи фавқулодда (ГКЧП), ки ҳадафи аслии он ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва раҳоӣ аз бӯҳрони сиёсӣ буд, ҷараёни шикасти ИҶШС-ро тезонид. 8-уми декабри соли 1991 дар бешазори Беловешенскии Белорусия - дар қароргоҳи Раиси Шӯрои Олии Белорусия роҳбарони се ҷумҳурии шӯравӣ – Русия, Украина, Белорусия дар хусуси барҳам додани ИҶШС ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил Аҳднома имзо карданд. Дар натиҷа, давлати абарқудрате, ки бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ санаи 30-юми декабри соли 1922 таъсис ёфта буд, бо гузашти 70 сол яъне, 25-уми декабри соли 1992 расман барҳам хӯрд. Ҳарчанд аксари ҷумҳуриҳои таркиби он дар оғози моҳи сентябри соли 1991 истиқлолияти расмии сиёсии худро эълон намуданд.
Оғози зиддиятҳои сиёсӣ ва душвор гардидани аҳволи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон. Шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва гусаста гардидани робитаҳои иқтисодӣ боиси нуфузи зиддиятҳои сиёсӣ ва душвор шудани вазъи иҷтимоӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон гардид. Рақобати шадиди сиёсӣ, кӯшиши ғайриқонунӣ ба даст овардани ҳокимият, гирдиҳамоиҳои беохир, ки аз ҷониби баъзе ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҷумҳурӣ ташкил карда шуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард.
Зиддиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аз воқеаҳои февралии соли 1990 (12-14-уми феврал) оғоз гардид, ки баҳонаи он гӯё ба зарардидагони заминларзаи Степинакерп (Арманистон) ба Душанбе оварда шуда, ба онҳо бенавбат хона доданд. Гирдиҳамоӣ дар назди бинои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баргузор гашта, эътирозгарон истеъфои се роҳбари аввали ҷумҳурӣ – Қаҳҳор Махкамов (котиби аввали КМ ҲКТ), Ғоибназар Паллаев (раиси Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон), Иззатулло Ҳаёев (раиси Шӯрои Вазирон)-ро талаб мекарданд. Дар натиҷа, хунрезӣ ба амал омада, дар шаҳри Душанбе вазъияти фавқулодда эълон гардид. Ин ҳодиса бо номи баҳманмоҳи хунин ёд мешавад. Бояд эътироф намуд, ки ҳарчанд дар ин рӯйдодҳои фоҷиабор 28 нафар, ки аксарияти ононро ҷавонон ташкил медоданд, қурбон шуданд, аммо ба назар мерасад, ки ин гурӯҳ асосан ҳамон гумроҳшудагоне буданд, ки фирефтаи суханони афроди манфиатхоҳ гардида, ноогоҳона ба майдон кашида шуданд.
Эълони эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҳарчанд дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳифзи он раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуда, бештар аз 95 фоизи аҳолии ин ҷумҳуриҳо ба ҷонибдории боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд, аммо раъйдиҳӣ ҳам натавонист пеши роҳи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро бигирад. Дар натиҷа, Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), санаи 24 августи соли 1990 эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд ва ҳамин тавр, дар таърихи Тоҷикистон марҳилаи тозаи таърихиро оғоз бахшид.
Санади мазкурро бегумон метавон аввалин ҳуҷҷати расмии эълони соҳибистиқлолии Тоҷикистон унвон намуд, аммо ин ҳанӯз истиқлолияти комили сиёсии кишвар ба шумор намерафт, балки як навъ истиқлолият маҳдуд дар дохили Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Моҳияти ин нукта дар он ифода меёфт, ки соҳибихтиёрии дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаёфта “соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ” ба шумор мерафт ва ин маънои онро дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ тамоми масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро худ метавонист ба таври мустақил баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд. Аммо ҳанӯз як миқдор масъалаҳое мавҷуд буданд, ки ҳаллу фасли онҳо дар салоҳияти Иттифоқи Республикаи Советии Сотсиалистӣ боқӣ монда буданд.
Аммо амалкарди Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муқаррар намуд, ки ҳамакнун имкон дорад, ки маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дигар самтҳои фаъолияти хешро низ онҳо метавонанд бидуни мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаллу фасл намоянд. Аз ин лиҳоз, кӯшишу талошҳои онҳо барои расидан ба истиқлолияти комил самараҳои матлуб ба бор овард ва дар натиҷа дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (даъвати дувоздаҳум), 9 сентябри соли 1991 Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад”. Ҳамин тавр, дар таърихи Тоҷикистони азизи мо ин сана бо ҳарфҳои заррин ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, баъд аз наздик ба 1100 соли давлатдории Сомониён дубора дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи Тоҷикистон сабт гардид ва мо соҳиби давлати миллии хеш гардидем.
Ҳамин тавр, санаи 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардида, истиқлолияти Тоҷикистон дар мақоми меъёри конститутсионӣ расмиятисиёсӣ касб кард.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ. Истиқлолияти миллӣ барои Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз аввали рӯзҳои расидан ба истиқлолияти давлатӣ тадриҷан вазъи сиёсӣ дар кишвар ба мушкилот печид ва бо гузашти 8 моҳ ҳодисаву рӯйдодҳое оғоз ёфтанд, ки ҳамагӣ ба истиқлолияти миллии мо хатар эҷод менамуданд.
Гирдиҳамоии тӯлонии 26-уми март 17-уми майи соли 1992 дар майдонҳои Шаҳидон (мухолифини Ҳукумат) ва Озодӣ (ҷонибдорони Ҳукумат) Тоҷикистонро ба гирдоби зиддиятҳои шадиди сиёсӣ ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. 5-уми майи соли 1992 дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе миёни ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин аввалин задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, боиси хунрезӣ гардид. Аз 5-ум то 10-уми май дар Душанбе ва атрофи он беш аз 108 нафар кушта, 233 нафар захмӣ ва 104 нафар беному нишон шуданд.
Баҳонаи гирдиҳамоӣ дар майдони Шаҳидон ин танқиди фаъолияти ВКД ва Вазири ҳамонвақта генерал Маҳмадаёз Навҷувонов дар Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ки онро тавассути телевизион намоиш дода, рӯзи дигар сокинони Бадахшон ба Майдони Шаҳидон ҷамъ омаданд. Гуруҳҳои манфиатхоҳ бегумон аз ин фурсати муносиб истифода карда, барои мардумро ба майдонҳо кашидан иқдом намуданд. Онҳо зидди аз вазифа сабукдӯш кардани М.Навҷувонов, бекор кардани қарор дар бораи аз дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Шӯрои Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов ва аз ҳабс озод кардани ӯро талаб мекарданд. Ҳақиқати сӯйистифода аз ин вазъият ва ба майдон кашонидани гурӯҳи алоҳидаи мардум ба баҳонаи интиқод аз фаъолияти Вазири вақти корҳои дохилии Тоҷикистон ва тавассути телевизион намоиш додани он замоне ошкор гардид, ки гирдиҳамоиро собиқ ташкилоти экстремистӣ- террористии Ҳизби наҳзати исломӣ пурра ба зери назорати худ гирифта, дигар ҳизбу ҳаракатҳои мухолифро гӯё ба бозичаи дасти хеш табдил дод. Ҳатто аз ҳамин айём буд, ки як навъ ихтилофи назар миёни нерӯҳои мухолиф эҷод шуда, бархе аз ҷонибдорони ҳизбҳои дигар аз иштирок дар ин гирдиҳамоиҳо даст кашиданд. Ҳамин тавр, аз санаи5- уми майи соли 1992 гирдиҳамоиҳо дар майдони Шаҳидон шурӯъ гардиданд, ки дар паси онҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз ҷумла роҳбарияти ТЭТ ҲНИ қарор доштанд ва ҳадафи аслии онон бо кӯмаки хоҷагони хориҷии худ бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд.Баъдан, ҷонибдорони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба майдони Озодӣ баромада, мардумро барои оромишу субот ва дастгирӣ аз низоми давлати соҳибистиқлол даъват намуданд.
Ҳамин тавр, таҳлилу баррасии вазъи сиёсии нахустин соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки дар давоми он кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, бозгӯи он мешавад, ки мо сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии аз 5-уми майи соли 1992 то 27-уми июни соли 1997 идома ёфтаро чунин муқаррар намоем:
Сабабҳои сиёсӣ. Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС шомил буд ва аз як марказ идора карда мешуд. Роҳбарони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ фармони марказро бечунучаро иҷро карда, ҳуқуқи мустақилона пеш бурдани сиёсат ва идора кардани давлатро надоштанд.
Истиқлолият дар оғози худ барои Тоҷикистон гӯё як амри тасодуфӣ буда, сарварони ҷумҳурӣ барои мустақилона идора кардани давлат омода набуданд ва сарвари сиёсие, ки тамоми мардумро муттаҳид карда тавонад, вуҷуд надошт. Дар ҷумҳурӣ бесарусомонӣ, беҳокимиятӣ, қонуншиканӣ ҳукмфармо буд.
Душанбе ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ дар ҳамон давра на омили муттаҳидкунанда ва идоракунандаи тамоми кишвар, балки мутаассифона омили нооромӣ ва маркази муборизаи баъзе ҳизбу ҳаракатҳо барои қудрати сиёсӣ ва ҷудоиандозӣ гардид, ки он оқибат ҷумҳуриро ба воқеаҳои фоҷиангез рӯ ба рӯ намуд. Тафаккури сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз аз таъсири маҳдудаҳои тафаккури низоми Шӯравӣ раҳо нашуда, шуури сиёсии мардум ба таври зарурӣ ташаккул наёфта буд.
Сабабҳои иқтисодӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ қафомонда буда, он ҳамчун ҷумҳурии аграрӣ ба ҳисоб мерафт ва кишти пахта дар кишоварзӣ бештар афзалият дошт. Канда шудани робитаҳои иқтисодӣ боиси бӯҳрони шадид дар низоми иқтисодии кишвар гардид ва баробари оғози ҷанги шаҳрвандӣ, хосатан, дар ноҳияҳои пахтакори қисмати ҷануби Тоҷикистон давоми соли 1992 ва баъди чанд сол имконияти анҷоми киштукор маҳдуд шуда, ин ба низоми иқтисодии мамлакат латмаи сахт ворид намуд. Аз нигоҳи дигар, омода набудани кишвар ба низоми иқтисодии худмаблағгузорӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ омили аз кор мондани коргоҳҳои бузург дар саросари мамлакат, ҳатто манотиқи бетаъсир аз ҷанги шаҳрвандӣ гардида, пояҳои иқтисодии давлатро фалаҷ гардонид.
Сабабҳои иҷтимоӣ. Бозсозии горбачёвӣ ба фоҷиа анҷомид. Сиёсати “худтаъминкунӣ”, “худмаблағгузорӣ” сабаби канда шудани алоқа миёни корхонаҳои гуногуни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ гардид. Бекорӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, молиявӣ, вазъи ногувори зиндагии мардум, нарасидани маводи хӯрока ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум боиси норозигӣ ва эътироз гардид.
Мубориза барои қудрати сиёсӣ, маҳалгароӣ. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муборизаи ғайриқонунӣ барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ ба шумор меравад. Маълум аст, ки он солҳо баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ба майдони сиёсӣ воридшуда- Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати ислом, созмонҳои “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” ва ғайра мехостанд бо роҳи қонуншиканӣ ва демократияи кӯчагӣ ба сари қудрат оянд. Роҳбарони ин ҳизбу ҳаракатҳо дар байни мардум ҷудоиандозиро ба миён оварда, боиси авҷ гирифтани маҳалгароӣ шуданд.
Сиёсати миллӣ ва муносибати Ҳукумати Шӯравӣ, Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба фарҳанги миллӣ ва дину мазҳаб – яке аз сабабҳои норозигӣ ва тезутунд шудани муносибатҳои миллӣ гардид. Давлати шӯравӣ ва ҲКИШ баробарии тамоми халқу миллатҳо ва фарҳанги миллиро эълон намуда, дар асл забон, фарҳанг ва дину мазҳаби миллатҳои дигари ИҶШС –ро маҳдуд менамуд.
Дахолати кишварҳои хориҷӣ. Пас аз шикасти ИҶШС Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи аз ҷиҳати геостратегӣ ва геополитикӣ хеле муҳим ба меҳвари муборизаи манфиатҳои абарқудратҳо дучор гардиданд, давлатҳои манфиатдор барои нуфуз дар ин минтақаи аз лиҳози захираҳои табиӣ, энергетикӣ, сарватҳои зеризаминӣ хеле бой мубориза мебурданд.
Дахолати абарқудратҳо ва баъзе кишварҳои ҳамсояи манфиатдор, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дидан намехостанд, яке аз омилҳои асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо гардид.
Раванди сулҳ ва музокироти тоҷикон (1994-1997). Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки боиси хисороти зиёди иқтисодӣ, молиявӣ, маънавӣ ва ҷонӣ гардид, барои миллати мо фоҷиаи бузург буд. Он ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 млрд. доллари амрикоӣ хисорот ворид намуда, беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд, қариб 55 ҳазор кӯдакон ятим ва 25 ҳазор занон бесаробон монданд. Садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, тандурустӣ ва ғайра харобу валангор ё тамоман нобуд гардиданд.
Оқибат ақли солим ғалаба намуд ва ҷонибҳои даргир фаҳмиданд, ки дар ҷанги бародаркуш ҷониби ғолиб ва мағлуб намешавад. Раванди сулҳ ва музокироти тоҷикон маҳз бо ташаббус ва саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат ба амал омада, музокирот аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 идома ёфт, ки онро маъмулан ба 8 давр тақсим мекунанд. Дар ин муддат якчанд музокирот: дар Москва – 4, дар Эрон – 6, Ашқобод-3, Афғонистон – 2, Покистон – 2, Қазоқистон-1, Қирғизистон – 1 мулоқот баргузор гардиданд.
Даври аввали гуфтушунид аз 5-уми апрел то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва баргузор гашта, дар он масъалаҳои хеле муҳим, аз ҷумла, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва муҳоҷирон, сохтори конститутсионии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Даври дуюми гуфтушунид аз 18-ум то 26-уми июли соли 1994 дар Теҳрон сурат гирифта, дар он Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъ намудани амалиётҳои ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар ба имзо расид.
Даври сеюми музокирот аз 20-уми октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар Исломобод шуда гузашт ва дар он ҳалли масъалаҳои ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Се даври музокирот бо имзои созишномаи оташбас, қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили ҷумҳурӣ ба охир расид.
Даври чоруми музокирот аз 22-юми май то 2-юми июни соли 1995 дар пойтахти Қазоқистон баргузор гашта, дар он низ масъалаҳои муҳими сиёсӣ, сохтори конститутсионӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.
Даври панҷуми гуфтушунид 30-юми ноябри соли 1995 оғоз ёфта, бо сабаби авҷи сарҳадшиканӣ (1993-1995 – 582 маротиба) қатъ гардид. Сипас бо кӯшишҳои СММ ва давлатҳои миёнарав 26-уми январи соли 1996 аз нав оғоз гардида, он то 19-уми феврали соли 1996 идома ёфт. Дар ин мулоқот масъалаи ташкили Форуми халқҳои Тоҷикистон, Комиссияи муросои миллӣ, татбиқи амалии ивазкунии асирон, имзои Деклоратсия оид ба истифода набурдани зӯрӣ ва аслиҳа, пешниҳоди намояндагони Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, даъвати Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва ғайра муҳокима шуданд.
Даври навбатии мулоқот дар Теҳрон аз 5-ум то 19-уми январи соли 1997 баргузор гардид. Дар байни ин мулоқотҳо вохӯрии Президенти мамлакат бо сарвари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ 11-уми декабри соли 1996 дар Хосдеҳи Афғонистон, мулоқоти якҷояи Эмомалӣ Раҳмон, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Сарвазири Русия В. Черномирдин ва мулоқоти Бишкек дар сатҳи олӣ (16-18-уми майи соли 1997) аҳамияти бузург доштанд, ки дар онҳо заминаи расидан ба оштии миллӣ гузошта шуд.
Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. 27-уми июни соли 1997 дар Москва Эмомалӣ Раҳмон ва С. Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро имзо намуданд, ки он аз 7 ҳуҷҷати муҳим иборат буд ва ҳамин тавр музокироти тоҷикон бо сулҳ ба анҷом расида, 27-уми июни соли 1997 ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол воридгардид ва дар тақвими ҷашну маросимҳои кишвар расман сабт шуд.
Ба даст овардани сулҳу оштӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи ниҳоят душвору вазнин ба шумор меравад ва он танҳо дар натиҷаи таҳаммул, якдигарфаҳмӣ, аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан, дарки масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва иродаи неки Пешвои муаззами миллат ба даст омад. Пешвои миллат дар бораи аҳамият ва арзиши ин санади сарнавиштсоз чунин иброз намудаанд: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард ва миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нобудӣ наҷот дод.”
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ воқеан беназир буда, он барои бисёр кишварҳои ҷангзада ва гирифтори низои дохилӣ ба ҳайси мактаби омӯзиш қарор хоҳад гирифт. Ҳоло коршиносон, сиёсатмадорон ва таҳлилгарон раванди эҷоди сулҳ ва оштии миллиро ҳамчун падидаи нодир мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, зеро онро ҳамчун намунаи ҳалли низои дохилӣ бо роҳи гуфтушунид тавсия медиҳанд.
Барои мавриди амал қарор додани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуда буд, ки он аз 4 зеркомиссия: доир ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳарбӣ ва гурезаҳо иборат буд. Комиссияи мазкур баробари ҳалли масъалаҳои ба ӯҳдаи он вогузоршуда ба масъалаи баргардонидани ҳазорон ҳамватанони мо, ки ба кишварҳои хориҷа чун гуреза маскун шуда буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлат миқдори зиёди гурезаҳои тоҷик, ки асосан дар кишвари ҳамсояи Афғонистон қарор доштанд, дар дашту саҳро ва хаймаҳо зиндагонӣ мекарданд, инчунин, гурӯҳи дигар, ки дар баъзе ҷумҳурияҳои ҳамсоя қарор доштанд, ба макони зисти худ баргардонида шуда, барои барқарор намудани манзили харобгаштаи онон кӯмакҳои давлатӣ расонида шуд. Мавриди таъкид аст, ки ҳарчанд мардуми зиёде дар саҳроҳои мухталиф дар хаймаҳо дар Афғонистон зиндагонӣ мекаранд, аммо гурӯҳҳои манфиатҳо бо ҳар баҳонаву душманӣ миёни онҳо таблиғот бурда, мехостанд чунон нишон диҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯзам ҷангу хунрезӣ давом дорад ва онҳо дар сурати баргаштан қурбон хоҳанд шуд. Тавассути талош ва кӯшишҳои Пешвои миллат дар радиои Тоҷикистон барномаи “Хоки Ватан” ташкил карда шуд ва ин барнома миёни ҳамватанони гурезаи мо пайваста пахш гардида, тавассути он паёмҳои хешу табори мардуми дурафтода аз Ватан ба онҳо ва паёмҳои онон ба хешовандони дар Ватанбуда расонида мешуд, то миёни ҳамдигар бовар ҳосил шавад, ки дар ҳақиқат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани онон ба ҳаёти осоишта ба шумор меравад. Бегумон, нақши таърихии ин барнома барои баргардонидани гурезаҳо ва татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Роҳбари давлат дар ин самт хеле муҳим ва таъсиргузор аст.
Яке аз натиҷаҳои амалии Созишномаи мазкур ин ба ҳайати Ҳукумат ва дигар сохторҳои идоракунӣ шомил намудани намояндагони мухолифин буд. Аз рӯи саҳмияи 30% бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 49 нафар намояндагони ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик), аз ҷумла, 15 ҷой дар сатҳи олии Ҳукумат (муовини аввали Сарвазир ва муовини Сарвазир, 13 Вазир, раисони Кумитаву ширкатҳо), 15 ҷой дар сатҳи раисони Ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва 19 ҷой дар сатҳи муовинони Вазирону раисони Кумитаву ширкатҳо ҷудо карда шуданд.
Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон самараи талошу пайкорҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат ва хиради азалии мардуми тоҷик ба шумор рафта, он бори дигар соҳиби фарҳанги сулҳофарӣ будани тоҷиконро собит намуд. Зеро борҳо худи Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки “барои расидан ба сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллӣ сабақҳои омӯзандаи таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва корномаву қаҳрамониҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик ба ҳукми сарчашмаҳои муҳим ва раҳнамоянда хидмат намудаанд.”
Саҳми барҷастаи Пешвои миллат дар ҷодаи расидан ба сулҳу ваҳдат.
Нахуст, бояд таъкид дошт, ки дар Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан бахти баланди халқи тоҷик аст, зеро маҳз ин таърих гардиши куллие дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷик ва ташаккули симои роҳбари давлат ҳамчун лидери барҷастаи сиёсӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ нақши муассир гузошт. Пешвои миллат борҳо ҳангоми суханрониҳои хеш дар Қасри Арбоб ишорат намудаанд, ки “ман маҳз аз ҳамин минбари кохи бузург то ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ баромадам.”
Раванди расидан ба сулҳи деринтизори тоҷикон низ маҳз аз ҳамин минбари Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат беандоза бузург мебошад ва беҳуда мардум Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон намегӯянд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии нахустини худ ҳангоми ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон 19-уми ноябри соли 1992 чунин иброз намуда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам ояд дар ин роҳ талош хоҳам кард.”
Баробари ин, аз минбари баланди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки “Ман ба Шумо сулҳ хоҳам овард”. Ҳамин ҷумлаи соддаи пур аз самимият бо воқеият ёфтан роҳи равшану пайдои миллатро муқаррар сохт ва тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Зеро Пешвои миллат бо садоқат ба қавлу амали хеш ба ваъдаи худ вафо намуда, меъмори воқеии сулҳу ваҳдати тоҷикон гардиданд. Барҳақ, чун ҷумлаи соддаву самимӣ садои муҳаббату садоқати Пешвои муаззами миллати тоҷикро нисбат ба мардуми хеш ифода намуд. Бо гузашти солҳо борҳо аз рӯзҳо ва ваъдаи содиқонаи хеш ёдовар шуда, Пешвои миллат изҳор доштаанд, ки “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи сулҳу суботи пойдори Ватанам, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.”
Ҳамин тавр, маҳз бо ташаббуси Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти сулҳу оштӣ ба ҷониби дигар дароз карда шуд ва музокироти нахустини расмии ҳайати Ҳукумат бо намояндагони мухолифин бо миёнравии СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон минбаъд тамоми саъю кӯшиши худро маҳз барои хотима гузоштан ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, расидан ба марзи сулҳу оштии миллӣ равона намуданд, зеро бидуни таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ муяссар гардидан аз имкон берун буд. Тамоми раванди музокироти тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи ҷиддии Сарвари давлат қарор дошта, дар 6 музокироти сатҳи олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намуда, зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ имзо гузоштанд, ки ин амр ба нақши созандаву барозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди сулҳу оштӣ таъкид меварзад.
Баъди ба имзо расидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Президенти мамлакат дар Муроҷиатномаи худ аз 27 -уми июни соли 1997 чунин иброз доштанд: «Бигзор сулҳу ваҳдати миллӣ поборҷо ва ҷовидонӣ бошад. Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватанва ҳамтақдирро бинем. Мо минбаъд ба ҷойи душманҷӯйӣ бояд дар суроғи дӯстон бошем».
Ба хизматҳои барҷастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ сиёсатмадорони намоёни ҷаҳон, донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон баҳои баланд дода, хидматҳои сарвари давлати моро ҳамчун шахсияти сулҳофар ва меъмори ваҳдат шинохтаанд.
Масалан, собиқ Муншии умумии СММ Кофи Аннан чунин ибрози назар намуда буд: “Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидани ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод”.
Муншии умумии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Ян Кубиш ба раванди сулҳэҷодкунии тоҷикон ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо додааст: “Таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва имрӯз бояд дар Афғонистон, дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни даргири ин мамлакат истифода шавад”.
Владимир Путин, Президенти кунунии Федератсияи Русия сиёсати сулҳофаринии Пешвои миллати тоҷикро бо таваҷҷуҳ ба раванди сиёсати кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ чунин тафсир намудааст: «Эмомалӣ Раҳмонов дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуктаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Ҳар он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Шоири машҳур, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ғамзат аз сулҳи тоҷикон ба ваҷд омада, чунин гуфта буд: “Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд-Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Нуктаҳои мазкур ва баҳои баланди сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан намоди сулҳи эҷоднамудаи роҳбари давлати тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи ибрат гардида, мақоми Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳонӣ хеле боло бурд. Бегумон таҷрибаи сулҳофаринӣ ва модели сулҳ, ки муаллифи он Пешвои миллати тоҷикон ба шумор мераванд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа низ аҳамияти муҳим касб намуда, бо аҳамияти байналмилалӣ касб намудани худ яке аз ташаббусҳои наҷиби роҳбари давлатро дар сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Татбиқи муваффақонаи тарҳи сулҳи асосгузоштаи Пешвои миллати тоҷик, ки кафили осоиштагиву субот дар Тоҷикистон ва зуҳури пешрафтҳои навингардид, омил шуд, ки маҳз аз иродаи мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикон ин андешаи созанда сарчашма гирад, ки бо як дилу як овоз тамоми мардуми тоҷик ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва тамоми тоҷикони ҷаҳон эълон намоянд.
Расмияти сиёсӣ ва амалии ин иродаи мардум қаблан дар сурати Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷассум ёфта буд, зеро маҳз, барои хизматҳои шоён ва саҳми барҷаста дар ҷодаи расидан ба сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф гардиданд.
Ҳамин тавр, фарҳанги сулҳофаринӣ ва талошу пайкорҳои Пешвои муаззами миллат дар эҷоди сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барои оғози марҳилаи нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ роҳ кушод ва кишвари моро дар кӯтоҳтарин фурсат ба давлати соҳиби иқтидорҳои муҳим табдил дода, рӯзгори мардумро саршори шодиву нишот гардонид.
Аз китоби “Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат”
Муаллифон:
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор,
Шавкат Шарипов, номзади илмҳои таърих, дотсент,
Фаридун Ҳодибоев, номзади илмҳои фалсафа, дотсент