​Мулоқот: мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб

Дирӯз дар толори факултети филологияи рус ҷиҳати пешгирӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии хурофоту бегонапарастӣ мулоқоти намояндагони шуъбаи минтақавии мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд, лейтенанти милитсия Камолзода Абдулҳамид, лейтенанти милитсия Раҷабзода Шохрух, мудири шуъба тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Зимнан ба донишҷӯён доир ба хатарҳои падидаҳои номатлуб дар фазои маҷозӣ ва таҳдиди хатарҳои он, инчунин оқилона истифода бурдани дастгоҳи мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба донишҷӯён маълумоти муфид ироа гардид.

Таъкид рафт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошт. Сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки мавқеи ҷавонон дар ин раванд хеле назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷавонон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки аз шароити фароҳамовардаи ва имкониятҳои ҷойдошта босамар ва оқилона истифода намуда, ҷавобан ба ғамхориҳо давлату Ҳукумат тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ