Таҷлил аз Рӯзи Конститутсия дар факултети филологияи рус
Дар факултети филологияи рус бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, ҳамаи иштирокчиён бо эҳтиром онро ҳамовозӣ намуданд. Дар идома номзади илмҳои таърих, дотсент Ғафурова Гулсара бо маърузаи худбаромад намуда, дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он дар рушди давлатдории миллӣ ва нақши ин санади тақдирсоз дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди кишвар таъкид дошт.
Барномаи фарҳангӣ бо баромади донишҷӯён идома ёфт. Онҳо шеърҳои пурмазмун дар васфи Ватан ва Конститутсия қироат намуданд, ки аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои пурмеҳр пазируфта шуд. Баъдан гурӯҳи донишҷӯписарон бо иҷрои суруди ватандӯстона барномаро боз ҳам рангинтар намуданд.
Ҳамзамон, доир ба таърихи қабули Конститутсия буд, ки дар он лаҳзаҳои муҳими раванди таҳия ва тасдиқи ин санади муҳими давлатӣ инъикос ёфта буд, навор ба намоиш гузошта шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил