Таҷрибаомӯзӣ: такмили маҳорати педагогӣ
Таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ки дар мактаб таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати омӯзгорӣ устувор мешавад.
Вобаста ба ин таҷрибаомӯзони факултети филологияи рус таҳти роҳбарии устодон дар МТМУ тоҷикию русии ба номи А.П. Чехов дарсҳои намунавии худро ташкилу баргузор намуда, маҳорати касбии хурог такмил дод истодаанд.
Гуфта шуд, ки дар фарҷом дарсҳои таҷрибаомӯзон мавриди таҳлили қарор гирифта, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани он машваратҳои педагогӣ аз ҷониби устодон дода мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил