​Конференсия: Забоншинос ва таблиғгари забони русӣ

Дар толори калони раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забоншинос ва таблиғгари забони русӣ” бахшида ба бахшида ба 85-солагии зодрӯз ва 60 солагии фаъолияти илмӣ-педагогии Аълочии маорифи Тоҷикистон,доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии факултети филологияи рус Самадова Рафоатхон Охунбобоевна баргузор гардид.

Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсент Ромиз Абдуллоев ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки таҷлил гардидани 60-солагии фаъолияти омӯзгори собиқадори ин махзани илму маърифат Самадова Рафоатхон нишони заҳматҳои шоиста ва фаъолияти илмии пурдоманаашон мебошад.

Гуфта шуд, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст.

Қайд гардид, ки Рафоатхон Самадова устоду пуркору сертаҷриба бо нерӯи қавиву иродаи мустаҳкам барои пешбурди илму маърифат ва раванди таълиму тарбия корҳои муҳиму арзишмандеро ба сомон расониданд.

Сипас, декани факултети филологияи рус, дотсент Раъно Шаропова дар мавзуи “Уфуқи лингвистика аз назари забоншинос”, профессор Ҳасанзода Абдуҷамол дар мавзуи “Муҳаққиқи тавонои забоншиносии муқоисавӣ” ва Саида Атамова дар мавзуи “Устоди забондону забонфаҳм” маърӯза ироа намуданд.

Дар интиҳои кори конференсия барқияҳои табрикотии хешону пайвандони ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида ироа гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ