Масъалаҳои мубрами филология ва усулҳои таълими он дар шароити рушди инноватсионӣ
Таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами филология ва усулҳои таълими он дар шароити рушди инноватсионӣ” дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Конференсияи мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” роҳандозӣ гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид дошт, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.
Пешвои муаззами миллат зикр доштаанд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ зарурати бештар дорад.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, барои омӯзиши забони русӣ нерӯи илмии донишгоҳ қавӣ буда, ҳамеша ба таври афзалиятнок аз он истифода карда мешавад.
Айни ҳол дар донишгоҳ факултети филологияи рус ва кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ вуљуд дорад, ки ҳазорҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгориро омода менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар факултет 1 доктори илм, 20 номзади илм ва 29 омӯзгор фаъолона кору фаъолият мебаранд. Давоми панҷ соли охир дар факултет 7 монография ва 27 китоби дарсиву дастурҳои таълимии устодон ба нашр расида, 737 мақолаҳои илмӣ рӯи чоп омаданд. Устодони факултет дар ин муддат дар 550 конференсияҳои гуногунсатҳ иштирок карда, бо ҳамин роҳ робитаҳои илмии донишгоҳро бо дигар марказҳои бонуфузи илмӣ устувор нигоҳ доштанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ баргузории конференсияи мазкурро барои боз ҳам беҳтар кардани фазои омӯзиши забони русӣ, таълими он дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, нашри асарҳои илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи илм ва омӯзгорӣ муҳим унвон намуд.
Дар идомаи кори конференсия мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Рӯзиева Лола дар мавзуи “Мушкилот ва рушди забони русӣ дар Тоҷикистон”, мудири кафедраи забони муосири руси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дотсент Азизов Фаррух перомуни “Усулҳо ва шаклҳои методи интерактивии таблиғи забони русӣ дар байни ҷавонони кишварҳои Осиёси Марказӣ” ва декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаропова Раъно оидба “Таълими забони русӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон: талаботи нав дар тамоюлҳо” маърӯзаҳо ироа доштанд.
Конференсия дар чор бахш идома дошта, интизор аст, ки дар маҷмуъ наздик 70 маърӯза манзур мегарданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил