​Мақоми забони русӣ дар байни дигар забонҳо

Дар факултети филологияи рус ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Рӯзи илми тоҷик” ҳафтаи илм баргузор гардид, ки дар доираи он силсилаи чорабиниҳои илмӣ роҳандозӣ гардиданд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет дотсент Раъно Шаропова суханронӣ намуда, тадбири мазкурро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забони русӣ ва илмазхудкунӣ муҳим маънидод намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳафтаи илм бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ мизи мудаввар дар мавзуъи “Популяризация русского языка в эпоху глобализации” бо иштироки донишҷӯёниғайриихтисоси донишгоҳ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби устодону донишҷӯён доир ба масъалаҳои забоншиносӣ маърузаҳо ироа гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои актуалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ, мақоми забони русӣ байни дигар забонҳои дунё, ҷаҳонишавии забони русӣ ва омӯзиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ