​Дарси кушоди тарбиявӣ: Конститутсия – санади олии ҳуқуқӣ

Дар факултети филологияи рус бо ташаббуси кафедраи адабиёти рус ва хориҷа дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид. Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни фаъол бобҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, моҳият ва аҳамияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маърӯзаҳо ироа шуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ