​Семинари омӯзишӣ роҷеъ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар факултети филологияи рус роҷеъ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” семинари омӯзишӣ доир шуд.

Дар доираи семинар донишҷӯён бо низомномаи озмун шинос шуданд.

Таъкид шуд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар баргузор мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба Низомномаи озмун як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад.

Дар семинар донишҷӯён бо тартиби баргузорӣ ва талаботҳои озмун шинос гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ