Раёсати таълим
Сардор
Телефон барои маълумот
-
- 4-31-20, 4-03-05
- Телефон
Раёсати таълим чун ҷузъи томи сохтори донишгоҳ идораи раванди таълимро амалӣ мегардонад. Раёсати таълим вазифаҳояшро тибқи Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи раёсат (чун дастурҳои хизматӣ) амалӣ намуда, фаъолияти зерсохторҳои донишгоҳро ба ҳам мутобиқ месозад. Раёсати таълим бо мақсади беҳтар намудани вазъи донишандўзии донишҷўён ба таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ва бастаи маводҳои таълимӣ аз рўи низоми кредитии таҳсилот диққати махсус медиҳад. Раёсати таълим дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои донишгоҳ дар пешбурди раванди таълим тадбирҳои амалӣ андешида, чунин корҳоро ба анҷом мерасонад:
- азорати ташкили чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани раванди таълим;
- муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ;
- таҳлил ва татбиқи самараноки барномаҳои таълимӣ;
- назорат ва танзими раванди таълим дар бахши тайёрӣ;
- ташкилу назорати ҷараёни таҷрибаомўзии омўзгорӣ ва истеҳсолӣ.
Раёсати таълим ҳамасола дар оғози соли таҳсил барои факултетҳо нақшаи чорабиниҳои таълимӣ- методӣ таҳия намуда, аз рафти иҷроиши ин чорабиниҳо, риояи ҷадвали дарсӣ, рафти сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, иҷроиши сарбории омўзгорон, рафти иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои инфиродӣ ва мустақилона, таҳияи фармонҳои аз курс ба курс гузаронӣ назорат мебарад. Дар донишгоҳ раванди таълим ва сарбории ҳайати омўзгорону профессорони донишгоҳ тибқи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омўзгорони кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
То имрўз раёсати таълим (шуъбаи таълим)-ро Ҳоҷибоева Б.А., Шапкин А.И., Войченко А.П., Баянов А.В., Ҳакимова Э.В., Кравченко В.С., Усмонов Ғ.Ҳ., Назаров Р.Р., Раҳмонов З.П., Ўлмасов М.Ў., Азизов А.А., Ёқубов С., Ҳакимхоҷаев С. сарварӣ намудаанд. Аз моҳи марти соли 2016 вазифаи сардори раёсати таълимро дотсент Сабуров М.И. ба зимма дорад. Ҳоло раёсати таълим дар ҳайати номзади илмҳои химия, дотсент Сабуров Муҳиддин., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҷабов Э, сармуаллимон Маҳмудов Исмоилҷон, Бобоҷонова Муҳайёхон, Ҳомидова Фирўзахон ва оморгарон Баротова К. ва Эргашев Ҳусейнҷон пайваста ҷиҳати пешбурди раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот фаъолият намуда истодааст.
Раёсати таълим бо ҳайати профессорону омӯзгорони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо мақсади татбиқи амалии амру фармонҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Шӯрои олимон ва раёсати Донишгоҳро сармашқи кори худ намуда, дар рушди раванди таълим, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис ва роҳандозии шаклу намудҳои навини таҳсилот, корбасти усулҳои фаъоли таълим ва истифода аз навтарин технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш ба харҷ дода, аз василаҳои муосири таълим ва навгониҳои замонавии илм самаранок истифода менамояд. Ин самт яке аз ниҳодҳои муҳими сохтори донишгоҳ идораи раванди таълимро амалӣ намуда, вазифаҳояшро тибқи Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи раёсат (чун дастурҳои хизматӣ) ба роҳ монда, фаъолияти зерсохторҳои донишгоҳро ба ҳам мутобиқ месозад. Дар оғози ҳар соли таҳсил нақшаи чорабиниҳои таълимӣ - методӣ таҳия гардида, аз рафти иҷроиши ин чорабиниҳо, риояи ҷадвали дарсӣ, рафти сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, иҷроиши сарбории омӯзгорон, рафти иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои инфиродӣ ва мустақилона, таҳияи фармонҳои аз курс ба курсгузаронӣ мавриди назорат ва баррасӣ қарор дода мешавад.
аъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шуда, аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона, 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона ва 7 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ нақшаҳои таълимии таҳсил фаъолият дорад. Дар донишгоҳ 30 озмоишгоҳи таълимӣ амал менамояд, ки дар таъмини тадрис ва таълими фанҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ заминаи мусоид фароҳам овард. донишгоҳ дорои 41 кабинети методӣ, 73 кабинети фаннӣ, 4 синфхонаи лингофонӣ, 32 лабораторияҳои таълимӣ-илмӣ, 1 студияи телевизион, 1 студияи радио, 3 осорхона, 4 устохона ва 41 синфхонаи компутерӣ мебошад.
Мувофиқи сохтори донишгоҳ раёсати таълим аз зерсохтори зерин иборат мебошад:
- Муовини ректор оид ба таълим
- Раёсати таълим
- Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
- Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
- Маркази бақайдгирӣ ва машварат
- Маркази тестӣ
- Шуъбаи тайёрӣ
- Маркази технологияҳои иттилоотӣ
- Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон.