​Истаравшан: ​Тарғиботу ташвиқот бо мақсади ҷалби довталабон ба донишгоҳ

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2021-2022 устодони кафедраи педагогикаи умумии ба шаҳри Истаравшан сафарбар гаштанд.

Устодон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри вариди назар доир ба интихоби ихтисос ва ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табодули афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо назардошти талабот 9 ихтисоси нав, аз ҷумлаи рӯзноманигори телевизион, WЕВ–рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияҳои робита), танқиди бадеӣ, забонҳои муосири хориҷӣ (забонҳои арабӣ-хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (забони русӣ) таъсис ёфт.

Хотирнишон менамоем, ки соли таҳсили 2021-2022 дар 18 факултет аз рӯи 89 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ