​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Шумо мехоҳед мутахассисони ояндаи маркетинг шуда, дар самтҳои гуногуни низоми иқтисодии кишвар ва субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолият бурда бошед пас мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки ихтисоси маркетинги Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти рамзи 1-26 02 03 омадааст, дарёфт ва интихоб намоед!

Ихтисоси мавриди назар дар назди кафедраи Идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг амал мекунад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4-сола) сурат мегирад.

Шакли таҳсили бакалавр рӯзона буда, намуди таҳсил ройгон ва шартномавӣ мебошад. Шомили кластери дуюм аст.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Бо донишгоҳи мо ояндаи худро дурахшон намо!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ