​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Шумо хоҳиш доред, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ фаъолият дошта бошед. Инчунин, дар мактабҳои варзишӣ ҳамчун мураббӣ (тренер) фаъолият намудан мехоҳед.

Мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ. Oмодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти рамзи 1 03 02 02 омадааст, интихоб намоед!

Дар ихтисоси мазкур шакли таҳсил рӯзона ва ғоибона (низоми бакалавр (5-сола) буда, намуди таҳcил ройгон ва шартномавӣ аст.

Хатмкунандаи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ соҳиби дипломи маълумоти олӣ, дараҷаи бакалавр гардида, муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ мешаванд. Пас аз хатми ихтисос ва баъд аз хизмати ҳарбӣ рутбаи ҳарбии лейтенантро гирифта, ҳуқуқи дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра фаъолият бурданро доранд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ