​Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайланд эълон намуд

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Шоҳигарии Тайланд барои таҳсили шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи магистратура ҷудо намудааст.

Маълумоти муфассал оид ба барнома, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рӯйхати ихтисосу донишгоҳҳоро аз сомонаи зерин https://mabourse.enssup.gov.ma/pdf/Annexe_2_Guidel... ва аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ метавон дастрас намуд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро то 13 марти соли 2021 ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ