​Ёддошти ҳамкории ДДХ бо ”ТТ мобайл” дар соҳаи рушди таҳсилот ва телекоммуникатсия

Имрӯз 10-уми март, Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) ТТ мобайл дар соҳаи рушди таҳсилот ва телекоммуникатсия ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо директори Раёсати минтақавии ҶСП ”ТТ мобайл” дар вилояти Суғд Далер Наимов мулоқот намуда, гуфт, ки дар заминаи ёддошти мазкур вохӯриҳо, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва ҳамоишҳо дар соҳаи таҳсилот бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосири телекоммуникатсия ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии касбии кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалби кормандони ташкилот барои иштирок дар раванди таълим, кори комиссияҳои давлатии имтиҳонот аз рӯи самтҳои омодасозӣ ва ихтисосҳои мувофиқи талабот, табодули таҷриба дар рушди усулҳои пешқадам ва технологияҳои таълим, мусоидат ба паҳнкунии маълумот аз рӯи тадқиқоти илмӣ, коркардҳои нав, мақолаҳо ва маводи дигар, ҷорикунии технологияҳо, лоиҳаҳо ва усулҳои нави таълим дар донишгоҳ, ташкили вохӯриҳо, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва ҳамоишҳо дар соҳаи таҳсилот бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосири телекоммуникатсия ва ғайра амалӣ мегарданд.

Далер Наимов - директори Раёсати минтақавии ҶСП ”ТТ мобайл” дар вилояти Суғд аз ёддошти ҳамкорӣ истиқбол намуда, баён дошт, ки дар асоси ин созишнома ташкилот бо мувофиқаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои донишҷӯён стипендияҳои номӣ таъсис хоҳад дод. Ӯ афзуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаирушди таҳсилот ва телекоммуникатсия, инчунин таҳия ва амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати қонеъгардонии талаботи ташкилот ба мутахассисони дахлдор ҳавасманд мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ